Маълумоти охирин
Главная / anvarj63 (страница 2)

anvarj63

АБУЛМАОЛӢ Муҳаммад ибни Убайдуллоҳи Ғазнавӣ

АБУЛМАОЛӢ Муҳаммад ибни Убайдуллоҳи Ғазнавӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), насрнависи форс-тоҷик (охири асри 11 ва аввали асри 12). Мувофиқи маълумоти Саид Нафисӣ Абулмаолӣ аз хонадони Алавиёни Хуросон буда, гузаштагонаш дар Балх мезистаанд. Соли 1093 Абулмаолӣ китобе доир ба мазҳабҳо ва динҳо бо номи «Баён-ул-адён» ба забони тоҷикӣ таълиф намудаст, …

Муфассал »

АБУЛМАОЛИИ НАСРУЛЛОҲ

АБУЛМАОЛИИ НАСРУЛЛОҲ Ибни Муҳаммад ибни Абдулҳамиди Муншии Шерозӣ (соли таваллуд ва вафот но­маълум), адиб, муншӣ, насрнависи форс-тоҷик (асри 12). Дар дарбори Ғазнавиён муншӣ ва дабир буд. Дар охири умраш ба мансаби вазирии Хусрав Малик (ҳукмронии 1160 – 86/87) ра­сид. Аз ҷумлаи корҳои муфиди Абулмаолии Насруллоҳ тарҷумаи китоби «Калила ва Дим­на» …

Муфассал »

АБУЛМАОЛИИ ИСФАҲОНӢ

АБУЛМАОЛИИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд номаълум – вафот 1214 ё 1219), шоири форс-тоҷик. Пас аз таҳсили улуми мутадовили давр дар синни камо- лот ба хидмати дарбори Салҷукиён ворид гардид ва ба мартабаи вазирӣ расид. Марди закӣ, донишманд ва бофазлу адаб буд. Дар манбаъҳои адабӣ ва таърихӣ (масалан, «Ҳабиб-ус- сияр») чун шоири …

Муфассал »

АБУЛҚОСИМИ ҚУМӢ

АБУЛҚОСИМИ ҚУМӢ ибни Му­ҳаммад, маъруф ба Мирзои Қумӣ (1740, Гелон – 1836, Қум), шоир ва донишманди эронӣ. Пас аз таҳсили улуми давр дар Ироқ ба Қум баргашт ва дар ин ҷо зиндагиву эҷод мекард. Ба ду забон – форсиву арабӣ оид ба фиқҳ, калом, хикмат, маонӣ ва ғайра асарҳои бисёри …

Муфассал »

АБУЛҚОСИМИ ДИНОВАРӢ

АБУЛҚОСИМИ ДИНОВАРӢ Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон (соли таваллуд но­маълум – вафот 1000), шоир ва адиби араб. Аз зодгоҳаш Диновар (шаҳре дар Эрон) солҳои 80 асри 10 ба Бухоро омад ва зиндагиву фаъолияташ дар ҳамин ҷо идома ёфтааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабию таърихӣ (масалан, «Ятимат-уд-даҳр»-и Саолибӣ) Абулқосими Диноварӣ яке аз шуаро ва …

Муфассал »

АБУЛҚОСИМИ БАРМАКӢ

АБУЛҚОСИМИ БАРМАКӢ (соли таваллуд номаълум – қатлаш соли 998, Бухо­ро), вазири амир Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ. Аз Оли Бармакиён. Абулқосими Бармакӣ пас аз азли вазир Барғашй дар соли 388 қамарӣ (998 милод) бар маснади вазорат нишаст.  Абулқосими Бармакӣ вазири кордону фозиле буд ва дар пардохти муҷиботи дарбориёни амир Мансур сахттирӣ …

Муфассал »

АБУЛҚОСИМ АБДУРРАҲМОН

АБУЛҚОСИМ АБДУРРАҲМОН ибни Алӣ ибни Абусодиқ (соли таваллуд номаълум – вафот 1068), табиб, шогирди Ибни Сино. Абулқосим Абдураҳмон ба асарҳои Ҷолиус (Галей) «Китоб-ул-манофеъ-ил-аъзо» («Китоб доир ба манфиати узвҳои инсон»), Хусайн ибни Исҳоқ «Китоб- ул-масоил фи-т-тиб» («Китоби масъ- алаҳои тиб»), Буқрот (Гиппократ) «Китоб-ул-фусул» («Китоби фаслҳо») ва «Китоб-ут-тақдимат-ул-маърифат» («Китоб дар бораи пешогоҳӣ») …

Муфассал »

АБУЛҚОСИМ

АБУЛҚОСИМ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва табиби тоҷик (асри 16). Падараш Мавлоно Дарвеш Ҳусайнӣ табиби хосаи Алишери Навоӣ буд. Мувофиқи маълумоти «Музаккир-ул- аҳбоб»-и Нисорӣ Абулқосим ҷузъиёти илми тиб ва дигар илмҳои расмии даврашро аз худ карда буд. Баробари ин Абулқосим дар шоирӣ даст дошта, дар навъҳои гуногуни адабӣ …

Муфассал »

АБУЛИЯ

АБУЛИЯ (аз юнонӣ а-ҳиссачаи инкорӣ ва bule – ирода), беиродагии ранҷу- рона, заъфи ирода то тамоман гум шудани он, набудани майлу хоҳиш ба фаъолият. Абулия ҳам дар кӯдакон ва ҳам дар калонсолон пеш аз ҳама нишонаи давраи аввали бемории рӯҳӣ аст. Абуалия ҳангоми баъзе бемориҳои рӯҳӣ (пси- хози савдовию шизофрения), …

Муфассал »

АБУЛҒОЗИХОН

АБУЛҒОЗИХОН (1603 – 1663, Урганҷ), хони Хева, таърихнигор, шоир. Дар Урганч ба дунё омада, дар ҳамон ҷо умр ба cap бурдааст. Соли 1645 аз тарафи ӯзбекони Арал хон интихоб гашта, баъди муборизаҳои бисёри дохилӣ хони Хева гардид. Барои мустаҳкам намудани ҳокимияти худ бо туркманҳову қалмоқҳо ва хонигарии Бухоро муборизаҳои шадиде …

Муфассал »