Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қаторкӯҳи САРСАРАК

Қаторкӯҳи САРСАРАК

САРСАРАК, қаторкӯҳест дар қисми ҷануби ғарбии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар райони Данғараи вилояти Кӯлоб. Қад-қади соҳили чапи дарёи Вахш ба масофаи тақрибан 30 километр тӯл кашидааст.

katorkuh

Бараш то 7—9 километр, баландиаш то 2000 метр. Қисми ҷанубии қаторкӯҳ Табақчӣ ном дорад. Сарсарак аз ҷинсҳаи давраи табошир (гил, рег, мергел, оҳаксанг, доломит ва ғайра) ва палеогени поён (оҳаксанг) таркиб ёфтааст. Қуллаҳои Сарсарак теппаранг буда, нишебии ғарбиаш бештар ростфаромада ва шаҳдор аст. Ландшафти қаторкӯҳ — даштӣ. Ӯ. Олимов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …