Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қаторкӯҳи САФЕДХИРС

Қаторкӯҳи САФЕДХИРС

САФЕДХИРС, қаторкӯҳест дар шимоли шарқи Афғонистон, дар музофоти Бадахшон. Ба системаи кӯҳҳои Ҳиндукуш дохил мешавад. Интиҳои шимолии қаторкӯҳи Хоҷамуҳаммад буда аз водии дарёи Кӯкча (дар Ҷануб) то водии дарёи Панҷ (дар Шимол) ба масофаи тақрибан 230 километр тӯл кашидааст. Бараш то 60—70 километр. Баландиаш ба ҳисоби миёна 3000—5000метр. Қуллаҳои маъмулаш кӯҳи Бузкуш (3982 метр) дар қисми марказӣ ва кғҳи Варзак (4179 метр) дар қисми шимолӣ. Пиряхҳо бисёранд. Яке аз шохаҳои калонтарини Сафедхирс дар Ҷануб Ғарб Султонҳазрат ном дорад. Сафедхирс асо- сан аз ҷинсҳои таҳшинӣ (оҳаксанг, регсанг, варақсанг), вулқонӣ ва интрузияҳои гранитӣ таркиб ёфтааст. Релефаш аз сабаби зиёд будани дараҳои тангу чуқур душворгузар аст. Дар нишебиҳои паст бештар явшон, афемероидҳо, дар нишебиҳои миёна ҳар гуна буттаҳо ё ки арча ва дар баландкӯҳҳо растаниҳои болиштакӣ мерӯянд. Аз ҳайвонот шер, паланг, бузи кӯҳӣ, архар, гург, хирс, гуроз ва ғайра вомехӯрад. Ӯ. Олимов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …