Маълумоти охирин
Главная / Биология / Аспи Нарён

Аспи Нарён

Нарён, айғир, аспи нар. Нарён назар ба модиён сусттар калон мешавад ва дертар болиғ мегардад. Нисбат ба байтал вазнинтар, сари дӯшаш 2—3 см баландтар, сараш калонтар буда, пойҳои дарози мустаҳкам дорад. Айғир барои беҳтар кардани сифати галаи аспон аҳамияти калон дорад. Ҳангоми интихоби Нарён барои наслгирӣ ба давандӣ, қоби- лиятн боркашӣ, фаъолияти ҷинсӣ, сохти бадан ва сифатҳои зоти асп диққати ҷиддӣ медиҳанд. Барои дохил намудани зотҳои беҳтарин модиёнҳои хушзотро интихоб меку- нанд. Дар гала аз як Нарён бо роҳи табиӣ 25 ва бо роҳи сунъӣ (аз нутфаи Нарён) то 500 модиён бордор мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …