Маълумоти охирин
Главная / Илм / Асари «Осор-ул-боқия»

Асари «Осор-ул-боқия»

«Осор-ул-боқия» авваллин асари калонҳаҷми Абу райҳони Берунӣ, ки соли 1000 ба забони арабӣ навишта шудааст. «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод.» ба амири Гургон Шамсулмаолӣ Қобус бо унвони «Ал-осор-ул-боқия ва ана-л-қурун-ил холия» таълиф ёфта, бо номи «Осор-ул-боқия» маъмул аст.

Мундариҷап «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод»-ро (масъалаҳои баҳси олимони машриқзамин оид ба пайдоиши олам, ҳаёт, назари пурихтилофи халқҳои гуногун нисбат ба воқеаҳои бузурги таърихӣ, воқеоти оддӣ ва ғайрноддии табиӣ, сабабу тарзҳои пайдоиши оину кешҳо, мояи пайдоиш ва шакл гирифтани тақвими ҳиндувон, руму яҳудиён, точику форсу араб ташкил додаанд. Дар китоб оид ба Собеиён, Ҳаррониён, Килдониён, Пешдодиён, Сосониён ва гузашта аз ин дар бораи Искандари Мақдунӣ, Монӣ, Зардушт, Ибни Муқаннаъ ва ғайра маълумоти пурқимате оварда шудааст.

Муаллиф аз сарчашмаҳо, асарҳои илмию тадқиқотӣ, ҳуҷҷатҳои ёддоштӣ, нақлу ривояҳои фолклорӣ васеъ истифода бурдааст. «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод » моҳияти тарҷумаи ҳолӣ низ дорад. Ин асар барои омӯхтани андешаҳои гӯзаштагон ва муайян кар­дани ҳиссаи ба такомули афкори илмӣ, фалсафии баҳри инсоният гузаштаи эрониён, ҳиндуҳо, яҳудиён, арабу румиён ва ғайра яке аз манбаъҳои гаронбаҳоест. Солҳои 1876—78 шарқшиноси немис Эдуард Захау бори аввал дар Лейпциг «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод.»-ро ба табъ расонид, соли 1879 ба забони англисӣ тарҷума гардид.

Соли 1923 бо такмилу тасҳеҳ матни арабии « Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод.» (чопи Эдуард Захау) дубора нашр шуд. Мутарҷим, донишманди маъруфи эронӣ Акбари Доносиришт соли 1943 асарро ба форсй гардонида, ба табъ расонид. Соли 1952 шарқшиносони не­мис Карл Герберг ва Иоганн Фюкклбар бори дигар матни арабии асар­ро чоп кунонданд. Соли 1957 «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод»-ро М. Сале ба русӣ ва А. Расулов онро ба узбекӣ тарҷима карда, соли 1968 ин- тишор дод. Тарҷумаи М. Сале нисбатан пурра буда, ҳоло нусхаи комилтарин ба шумор меравад.

Адабиёт: Абурайхан Беруни (избоанные произведения) «Памятники минувших поколений», Таш­кент, 1957; Розенфильд Б. А., Ро­жа нскан М. Москва, Соколовская 3. К., Абур-райхан Ал-Бируии, Москва, 1973;

Г а ф у р о в Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая истории. Москва, 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …