Маълумоти охирин
Главная / Илм / Асари «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод»

Асари «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод»

«Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод» асари таърихию ҷуғрофии муаррихи форс- тоҷик Закариёи Қазвинӣ, ки соли 1275 ба забони арабӣ таълиф шудааст. «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод» аз сарсухан, се муқаддимаи назарӣ ва ҳафт боб иборат аст. Муқаддимаи якум аз сабабҳои ба вуҷуд омадани ҷамъияти инсонӣ, сохти ҷамъият, истеҳсолот ва пайдо шуда- ни шаҳрҳо, пойтахҳо, деҳаҳо баҳс мекунад. Муқаддимаи дуюм аз ду фасл иборат аст. Дар фасли якум самтҳо ва замин аз рӯи табиаташ ба гармсеру сардсер чудо шуда аст.

Фасли дуюм аз маодин, наботот ва ҳайвонот маълумот медиҳад. Му- аллиф кураи заминро аввал ба ду — шимол ва ҷануб ҷудо мекунад. Баъд онро ба чорякхо — ду чоряки ши­молӣ ва ду чоряки ҷанубӣ тақсим менамояд. Яке аз чорякҳои қисми шимолиро макшуфу обод номида, он­ро ба хафт иқлим чудо кардааст; аз рӯи арзу тӯл иқлими якумро калонтарин ва иқлими ҳафтумро хурдтарин меҳисобад. Тавсифи хар як иқлимро бо сарсухан оғоз намуда, бо тартиби алифбо ба тасвири баъзе мамлакатҳо, вилоятҳо, шаҳрҳо, ҷазираҳо, қалъаҳо ва дарёҳою кӯҳҳои дохилии иқлим мегузарад. Дар китоб дар бораи Осиёи Миёна низ баъзе маълумотҳои нодир мавҷуданд.

Инчунин материалҳои этнографӣ дар бораи туркҳо, славянҳо, русҳо, булғорҳо, печенгҳо ва фарангҳо ҷолиби диққатанд. Дар асар дар бораи мам­лакатҳои Европа низ маълумот оварда шудааст, ки дар асарҳои дигар муаллифони пешина дида намешавад. Дар «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод.» зиёда аз 923 номи мавзеъ ва 970 номи шахсони машҳур зикр ёфтааст. «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод.» барои муаррихону этнографҳо, файласуфону. географҳо ва астрономҳо сарчашмаи хубе мебошад. Аввал асри 15 тахрири нави «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод.»-ро бо баъзе иловаҳо Абдуррашид Солеҳ ибни Нурӣ чоп кунонидааст. «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод.» ба забони форсӣ ва мухтасаран ба туркӣ тарҷума шудаасг. Нусхаҳои зиёд чопии «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод > дар ки- тобхонаҳои шаҳрҳои Москва, Ленин­град, Душанбе, Тошкент маҳфузанд.

Адабиёт: К р а ч к о в с к и й И. Ю., Избран­ные произведения, том 4, Москва—Ленинград, 1957.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …