Маълумоти охирин
Главная / Илм / Асари «Офариннома»

Асари «Офариннома»

«Офариннома» асари Абӯшакури Балхӣ, ки соли 944—45 назм шудааст. «Офариннома» дар адабиёти классикии форс-тоҷик яке аз аввалин маснавиҳои ахлоқист дар вазни утакориб. То замони мо аз ин маснавӣ 300 байта пароканда расидааст. ки аз манбаъ ва сарчашмаҳои адабӣ ҷамъоварӣ шудаанд.

Дар «Офариннома» андешаҳову ақоиди Абӯшакури Балхӣ оид ба хирад, илму дониш, ҳунар ва ғайра баён гардидаанд; «Офариннома»-ро Абулфатҳи Бустӣ ба арабӣ тарҷума кардааст. «Офариннома» ба инкишофи минбаъдаи назми ахлоқии форс-тоҷик таъсир расонид. Порчаҳои боқимондаи он дар китоби «Ашъори ҳамасрони Рудакӣ (Сталинобод, 1958) ба табъ расида­аст.

Адабиёт: М и р з о е в А.. Абӯ Абдулло Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958; Бертельс В. Э„ История персидско-таджикской ли­тературы, Москава, 1960г

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …