Маълумоти охирин
Главная / Илм / Асари «Наврузнома»

Асари «Наврузнома»

«Наврузнома» асарест дар кашфи ҳақиқати Наврӯз, рӯзи ҷашн гирифтани он, инчунин дар бо­раи оини ҳукуматдории шоҳони Эрон ва масоили мухталифи таърихӣ, этнографӣ, тиббӣ ва ғайра. Ба Умари Хайём нисбат дода мешавад. Аз муқаддима — «Oғози китоби «Наврӯзнома» ва 14 боб иборат аст. Дар «Оғоз» ва инчунин боби «Омадани мубади мубадон ва наврӯзӣ овардани ӯ» муаллиф аз давраи Каюмарс то Яздигурди III ҷашн гирифта шу- дани Наврӯз, таъини рӯзи ҷашни он аз рӯи тақвими қадимӣ, шарҳу тафсири номи моҳҳои тақвими Эрони Қадим — Фарвардин, Урдибиҳишт, Хурдод, Tир, Мурдод, Шаҳривар, Meҳр, Обон, Озар, Дай, Баҳман, Исфандормаз баҳс мекунад. Дар ин қисмат инчунин доир ба тақвим, таъини соли кабиса дар замони шоҳони қадими Эрон, халифаҳои араб ва ҳукмрони замонӣ Хайём — Маликшоҳи салчуқӣ матолиби зиёде омадааст. Ҳикояту устураҳои қисмати зикршуда дар бораи Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед ва дигарон ба қисмати асотирии «Шоҳнома» наздикӣ доранд. Дар боби «Андар оини подшоҳони Аҷам» аз хислатҳо ва тарзи ҳукуматдории шоҳони Эрони бостон сухан меравад. Бобҳои дигари «Наврӯзнома» инҳоянд: «Андар ёд кар­дани зар ва он чӣ воҷиб бувад дар бораи ӯ», «Андар аломати дафинаҳо», «Ёд кардани ангуштарӣ», « Ёд кардани хавид (майсаи ҷав) ва он чӣ воҷиб ояд дар бораи ӯ», «Ёд кар­дани тиру камон», «Ёд кардани қа­лам ва хосияти ӯ», «Ёд кардани асп ва ҳунари ӯ ва он чӣ воҷиб ояд ан­дар бораи ӯ», «Номҳои аспон ба забони порсӣ», «Андар зикри боз ва ҳунари ӯ ва он чӣ воҷиб ояд дар бо­раи ӯ», «Ҳикоят андар манфиати шароб», «Гуфтор андар хосияти рӯи неӯу». Дар дохили ҳар як боб вобаста ба ин мавзуот ҳикоятҳо оварда шудаанд. «Наврӯзнома» дорои аҳамияти зиёди таърихию этнографист. Бобҳои «Ҳикоят андар манфиати шароб» ва «Гуфтор андар хосияти рӯи некӯ» аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки муаллифи «Наврӯзнома» аз илми тиб бохабар буда, баъзе фикру ақидаҳои ӯ дар ин бора дар рӯзҳои мо низ аҳамияти худро гум накардаанд. Дар боби охирин инчунин масъалаҳои эстетики, фалсафӣ ва ғайра ба миён гузошта шуда­анд. «Наврӯзнома» ҳамчун асари насри бадеӣ низ аз аҳамият холӣ яест. Тавассути он ҳикояту ривоятҳои зиёде то замони мо расидаанд. Нашр.: Умари Хайём, Наврӯзнома, г., «Маориф ва маданият», марти 1980. Аҳмадов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …