Маълумоти охирин

Асари Наср

Наср (ар. — каломи ғайриманзум, сухани пошида), яке аз ду навъи асари адабист, ки бе вазну қофия навишта мешавад. Дар гузашта Насри бадеӣ аз навъҳои Насри илмӣ фарқи куллӣ надошт. Хусусияти асосии шакли зоҳирии Наср мутобиқати он ба қонуну қоидаҳои забони гуфтугӯист. Наср ва назм шаклан аз якдигар фарқ мекунанд, вале бо ҳам наздикӣ низ доранд. Ба сухани манзум наздик кардани Наср аз тамоюли асосии Насри классикии форс-тоҷик мебошад. Наср дар адабиёти классикии форс-тоҷик анъанаи қадима дошта бошад ҳам, вале ба маънои комили истилоҳи адабӣ танҳо дар солҳои 20 асри ҳозира инкишоф ёфт.

Аввалин намунаҳои Насри бадеии забони фор­сии дарӣ асосан силсилаи достонҳои қаҳрамонии «Шоднома» будасд. Си­нас романҳои қаҳрамонии халқӣ ба миён омаданд «Абӯмуслимнома», «Искандарнома», «Самаки айёр» ва ғайра.  Баробари ин, асарҳои қаҳрамонии динӣ низ вуҷуд доштанд: «Қисас-ул- анбиё», «Ҷангномаҳои Алӣ», «Ҳафдаҳ ғазо» ва ғайра. Дар Насри гузашта як равияи махсуси қиссаҳои рамзию тамсилӣ инкишоф ёфтааст. «Кали­ла ва Димна», «Синбоднома», «Тӯтинома» ва ғайра ба ин равия мансубанд.

Дар ин китобҳо асосан рамзу тамсил бартарӣ дошта, ҳикояҳо мусалсал ва чун ҳикоя андаруни ҳикоя баён мешаванд. Ҳикоят аз шаклҳои маъмули Насри адабиёти классикии форс-тоҷик аст. Як силсила асарҳои насрии адабиёти классикии форс- тоҷик дар шакли ёддошт ва сафар- номаҳо навишта шудаанд. «Сафарнома»-и Носири Хисрав (асри 11), «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ (асри 15), «Наводир-ул-вақоеъ»-и Адмади Дониш (асри 19) ва ғайра аз ҳамин қабил асарҳоанд. Як силсила китобҳои нас­рӣ оид ба назарияи адабиёт таълиф шудаанд: «Тардумон-ул-балоға»-и Муҳаммади Родуёнӣ (асри11), «Ҳадоиқ-ус-сеҳр фӣ дақоиқ-иш-шеър»-и Рашидуддини Ватвот (асри 12), «Ал- мӯъҷам фӣ маоири ашъор-ил- Авам»-и Шамсуддин ибни Муҳамма­ди Қайси Розӣ (асри 13), «Меъёри Ҷамолйӣ-и Шамси Фахрии Исфаҳонӣ (асри 14), «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ил-ашъор»-и Ҳусайни Воизи Кошифӣ (асри 15) намунаҳои ин навъи Наср ба шумор мераванд, ки моҳияти илмӣ доранд. Насри классикии форс- тоҷик се навъ дорад: Насри мусаҷҷаъ — суханест, ки қофия дораду вазн не. Дар он ҳамоҳангии охири ҷумлаҳо хусусияти асосии услуб ва оҳанги сухан аст. Дар саҷъ ҷумлаҳо мусалсал буда, охири ҷумлаҳои содда ба мисли анҷоми мисраъҳои шеър ҳамоҳангии ба қофия монанде до­ранд.

2) Насри мураҷҷаз — суханест, ки вазн дораду қофия не.

3) Насри орӣ, ирсол ё рисолат — суханест на қофия дорад ва на вазн. Чунин таснифоти Наср ба се навъ соф назариявист, зеро асаре нест, ки саросар мусаҷҷаъ бошад ё мураҷҷаз ва ё орӣ. Ин се навъи сухан дар якҷоягӣ ба кор бурда мешаванд. Дар ада- биёти тоҷик, махсусан Насри тоинқилобии он, мавқеи саҷъ хеле калон аст. Дар замони советӣ мавқеи Наср  дар адабиёт ва ҳаёти маънавии халқ хело афзуд. Навъҳон асосии Наср ро­ман, повест, ҳикоя ва очерк дар асоси анъанаҳои Насри классикии мил­лӣ ва адабиёти пешқадами олам, махсусан Насри реалистии рус ка­мол ёфтанд. Доираи Наср аз ҷиҳати мавзӯъ ва мазмун вусъат ёфт. Дар Насри советии тоҷик асарҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. Мазмуни онҳо доираи васеи ҳаёти таърихии халқро аз давраҳои пеш аз инқилоб, муборизаҳо барои барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ ва сохтмони социалистиро дарбар гирифтанд.

Дар Наср таваҷҷуд ба тасвири рӯҳияи қаҳ- рамон (роману повестҳои Икромӣ «Тори анкабут», «Ман гунаҳгорам» ва «Духтари оташ»), намоиши муҳассан ва лирикии хислатҳо (романи «Палатаи кунҷакӣ»-и Фазлиддин Муҳаммадиев), инъикоси ҳодисаҳои бузурги таърихӣ ва ҳақиқати воқеӣ (романи Сотим Улуғзода «Восеъ» ва «Шӯроб»-и Раҳим Ҷалил) хеле вусъ­ат ёфт. Наср шакли асосии офаридани асарҳои эпикӣ ва драма буда, асарҳои сирф лирикӣ бо ин навъи адабӣ, ба истиснои баъзе ҳикояҳои хурд, навишта нашудааст.

Тағйироти муҳиме, ки дар Насри муосири тоҷик нисбат ба Насри адабии гузашта ба вуҷуд омад, ҷорӣ шудани тарзи нави маърифати ба­деӣ, инъикоси реалистии ҳаёт мебо- шад. Аввалин шуда дар ин роҳ устод Айнӣ иқдом ниҳод. Асарҳои барҷастаи вай «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштдо» ва ғайра намунаҳои барҷастаи Насри реалистии тоҷик мебошанд.

Адабиёт: Мусулмонқулов Р., Саҷъ на сайри таърихии он дар насри тоҷик, Душанбе 1970; Салимов Ю., Насри ривоятии форсу тоҷик, Душанбе, 1971; Словарь ли­тературоведческих терминов. Москва, 1974.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …