Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Асари «Нағмаи Ушшоқ»

Асари «Нағмаи Ушшоқ»

«Нағмаи Ушшоқ»  асарест оид ба масъалаҳои назарияи мусиқии классикии форс-тоҷик, ки ба қалами Мавлавӣ Муҳаммади Чиштӣ мансуб буда, дар Ҳиндустон дар асри 18 таълиф шудааст. Аз муқаддима ва се қисм (боб) таркиб ёфтааст. Дар муқаддима оид ба дарку эҳсос ва тафсири фарҳангии мусиқӣ ҳамчун илм ва санъати нафиса сухан меравад.

Қисми аввал аз таҳлили назарии таркиботи мусиқӣ, шаклу навъ ва ҷинсҳои асосии он — тарона, оҳанг, истилоҳоти мусиқӣ аз қабили «рехта», «саҷъ», «қавл», «қавволӣ», «савт», «пешрав», «ҳаззол», «ғазал», «нақш», «амал», «та­рона»’, «тҳумрӣ», «даппи тҳумрӣ», «хайёл» иборат буда, тафсири пурраи «симоъ»-ро дарбар мегирад. Му- аллиф дар қисми дуюм созҳоро аз ҷиҳати мавқеъ, сохт, танзими тору парда ба чор гурӯҳ ҷудо менамояд. Ба гурӯҳи аввал созҳои тори — тан­бӯр, рубоб, қонун, сарангӣ, ғижжак ва ғайра дохил мешаванд.

Ба гурӯҳи ду­юм созҳои зарбӣ: табл, даф, дойра, нақора, таблак мансубанд. Гурӯҳи сеюм созҳои сафоилӣ, косот (ё тосот)-ро, ба мисли мунҷира, гдунагҳар, гҳанта,- пакҳавиҷ ва ғайра дарбар мегирад. Ба гурӯҳи чорум созҳои нафасӣ — най, дуёнӣ, мизмор, сурнай, карнай, нафир, шайпур, наи анбон дохил мешаванд. Қисми сеюми «Нағмаи Ушшоқ» ба таҳлили шаклу навъҳои мусиқӣ, иртиботи шеъру мусиқӣ бахшида щудааст. Чиштӣ роҷеъ ба рақс низ ахбори тоза меорад. «Нағмаи Ушшоқ» яке аз муҳимтарин санадҳои хаттӣ оид ба маданияти мусиқии тоҷику ҳинд ба шумор меравад. Асар бори аввал соли 1834 дар Деҳлӣ ва бори ду­юм 1902 дар Лакҳнав ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …