Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «Нафоис-ул-фунун фӣ ароис-ил-уюн»

«Нафоис-ул-фунун фӣ ароис-ил-уюн»

«Нафоис-ул-фунун фӣ ароис-ил-уюн»  (пирояи фанҳо дар арӯсҳои ҳақиқат), асари энциклопедии Шамсуддин Муҳаммад Маҳмуди Омулист, ки соли 1335 таълиф ёфтааст. Он ба забо­ин форсӣ-тоҷикӣ навишта шуда, дар  бораи 160 соҳаи илми асримиёнагӣ маълумот медиҳад. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки тамоми илму фанну саноеъи пешина ва замони худро тафсир намояд ва моҳияти ҳар илм ва ҳар истилоҳи илмию фанниро кушояд. Истилоҳоти ин асар басо мураккаб буда, аз кали- маҳон арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва ғайра иборат аст. Асар комёбиҳои илму фанни на танҳо форсу тоҷику араб, балки илму фанҳои хоси халқҳои дигар, масалан, халқҳои ҳиндро дарбар мегирад. Дар баробари тафсири мафҳумҳои динӣ ва фалсафӣ, тасаввуфӣ ва ғайра ба илмҳои табиӣ диққати зиёд дода шудааст.

Дар асар доир ба касбу кор ва саноеъ маълумоти муфид ҳосил кардан мумкин аст. Дар НАФОИС-УЛ-ФУНУН ФӢ АРОИС-ИЛ-УЮН истилоҳоти маъмурии давр шарҳ ва эҷод ёфтаанд, ки аҳамияти таърихӣ- иқтисодӣ ва сиёсӣ доранд. Бо вуҷуди он ки аксари материалҳои ин асари ҷомеъ дар замони дозир фа- цат адамияти таърихӣ-нлмӣ доранд, бнсьбр ҷндатдои илмӣ ва амалпн он ҳоло ҳам қобили тадқиқ мебошанд, масалан. дар соҳаи тиб ва муҳофизати тандурустӣ. Ин асар барои омӯхтани таърихи истилоҳоти илмӣ, саноатӣ ва маъмурӣ сарчашмаи мӯътабарест хоса барои шинохтани маънии истилоҳи омонимӣ, ки дар соҳаҳол мухталиф маънои гуногун доранд. Бисьёр таълиф ва шарҳҳои муаллиф то ҳол қимати илмӣ ва амалии худро гум накардаанд, бо вуҷудн он ки маънои ин гуна истилоҳ дар тӯли асрҳо тағьир ёфтааст ва ҳоло мафҳуми нисбат ба пештара каму беш фарқкунандаро ифода менамоянд.

Macаслан, «Илми тақриз, ки он иборат аст аз донистани кайфияти иншои шеър ва мавоқеъи сифоти лоиқа ба ҳар тоифа ва ҳар мақом. Ва «тақриз» — дар асли луғат — мадҳ гуфтан аст шахсеро, ки зинда бошад ва ҳақ ё ба ботил». Дақиқназарии муаллиф ва вусъати маълумоти ҷамъкардаи ӯ имкон медиҳанд, ки дараҷаи илм дар асри 14, доираи васеи он, хусусиятҳои муҳимми он аз тарафи хонандаи ҳозира ва илми ҳозира муайян шавад ва бечунучаро доираи дониши хонандаро хеле васеътар менамояд.

Махсусан қисмати мусиқии он барҷастатарин сарчашмаи хаттии илмию назариявии мусиқии асримиёнагии форс-тоҷик ба шумор ме­равад. Аз муқаддима ва панҷ боб иборат аст. Муқаддима аз таърихи илми мусиқӣ, таркибот ва хусусият­ҳои муҳимми он баҳс мекунад.

Боби I аз чор фасл таркиб ёфтааст. Фасли 1 «Дар таърифи савт ва кайфияти ҳудуси он», фасли 2 «Дар нағма», фасли 3 «Дар асбоби ҳиддату сақил дар савту нағам», фасли 4 «Дар маънии лаҳн». Боби 2 «Дар нисбати истихроҷи абъод ва маротиби он дар мулоимату мунофират» аз чор фасл иборат аст. Фасли I «Дар ҳисри нисб», фасли 2 «Дар маънии бӯъд, ҷамъ мулоимат ва мунофират», фасли 3 «Дар ақсоми абъод», фасли 4 «Дар маротиби абъод аз ҷиҳати мулоимат». Боби 3 «Дар изофати абъод аз якдигар» аз се фасл тар­киб ёфта, фасли 1 «Дар маънии изофат ва фаслу ақсоми он», фасли 2 «Дар маънии тақсими бӯъд ба ақсоми мутасовӣ ва кайфияти амали он», фасли 3 «Дар нисбати ахбори тақсими зуларбаъ аз абъоди лаҳнӣ». Боби 4 «Дар баёни олоти алҳон ва маънии достон» аз ду фасл: «Дар баёни олоти алҳон» ва «Дар баёни ҳақиқати парда, овоза ва таркиби шӯъба» иборат буда, доир ба созҳои мусиқии нузҳат, қонун, чанг, най, арғунун, уд; тартиби пардаву тори онҳо, «Дувоздаҳмақом», шӯъбаю овозаҳои он баҳс мекунад. Боби 5 «Дар иқоъ ва адвори он» низ аз ду фасл: «Дар ҳадди иқоъ ва азминаи иқоӣ ва ақсоми он», «Дар тақсими иқоъ» иборат аст. Қисмати мусиқии «НАФОИС-УЛ-ФУНУН ФӢ АРОИС-ИЛ-УЮН» бештар характери ил­мию назариявӣ дошта, дар пешрафти назарияи мусиқии асрҳои минбаъда роли калон бозидааст

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …