Главная / Биология / ФАЪОЛИЯТИ ОЛИИ АСАБ

ФАЪОЛИЯТИ ОЛИИ АСАБ

ФАЪОЛИЯТИ ОЛИИ АСАБ, фаъолияти қисмҳои олии системаи марказии асаб (қишри нимкураҳои калон ва марказҳои зерқишрӣ) -ро гӯянд, ки ҳайвоноту одамро ба муҳит нисбатан пурра мутобиқ мекунад. Истилоҳи фаъолияти олии асабро И. П. Павлов ба илм дохил кардааст. Ба ақидаи И. П. Павлов асоси фаъолияти олии асаб аз рефлексҳои шартӣ (дар одам ва ҳайвоноти мӯҳрадори дараҷаи олӣ асосан қишри нимкураҳои калони майна) ва ғайришартии мураккаб (ғариза, эҳсос ва ғайра) иборат аст. Дар системаи марказии асаб таҳлил ва синтез шудани сигналҳои рефлекси шартӣ системаи сигналии якумро ба вуҷуд меоранд. Дар одам системаи сигналии дуюм,. яъне нутқ низ вуҷуд дорад, қи бо системаи сигналии якум алоқаманд аст. «Нутқ системаи махсуси мо, системаи дуюми сигналии воқеиятро, ки сигнали сигналҳои якум мебошад, ташкил дод», навишта буд И. П. Павлов.

asab
Омӯзиши фаъолияти олии асаб яке аз комёбиҳои бузургтарини табиатшиносии муосир аст. Он асоси табиию илмии материализми диалектикиро ривоҷ дода, дурустии назарияи ленинии инъикосро исбот мекувад. Аҳамияти омӯзиши фаъолияти олии асаб барои тиб, психология, педагогика, кибернетика, бионика ва ғайра низ калон аст.
Адабиёт: Павлов И. П.. Избрание труди, том 3, М. 1951. стр. 325.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАҲО

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …