Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Ангури Нимранг

Ангури Нимранг

Нимранг, ангури к а л о н, ш и р б а н д ӣ, навъи ангури дерпазак. Селексияи халқӣ. Асосан дар районои вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон (Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Пролетар, Исфара ва ғайра), районҳои токдории РСС Узбекистон, Қисми европоии СССР ва Кав­каз мерӯяд. Инчунин ба шароити баъзе ноҳияҳои РСС Қирғизистон, РСС Молдавия, РСС Туркманистон, РАСС Доғистон, кишварҳои Краснодару Ставропол, вилояти Қриму Ростов низ мутобиқ кунонида шудааст. Токаш тезсабз, 36—40%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш миёна (диаметраш 12—12,5 сантиметр), мудаввари 3—5-парра, хӯшааш калон (дарозиаш 20-22 сантиметр), зичиаш миёна, 500—550 грамм ва баъзан то 2000 грамм.

Донааш калони мудаввар (дарозиаш 22—25 милиметр, 6—6,5 грамм), сершираи ширини пӯсташ ғафс, 4—5 до­на тухм дорад. Баъди пухтан зарди сафедча ва баъзан гулобӣ мешавад, 21—23% қанд ва 5,5—4,2 г/л туршӣ дорад. Нимранг сармобардор в а серҳосил, дар заминҳои серхоку санглох, нишебиҳо, инчунин заминҳои лалмӣ нағз месабзад. Даври нашваш 135— 155 рӯз; май гул карда, июл—сентябр мепазад. Ба ҳисоби миёна 25—30 тонна/га ҳосил медиҳад. Асосан барои тархӯрӣ, майкашӣ, мавиз, инчунин дар корҳои селексионӣ истифода мебаранд. Нимранг ба ҷел тобовар буда, танҳо аз антракноз зарар мебинад.

Ад.: Ампелеография СССР, том 4, Москва, 1954; Кириллов И. Ф. (ва дигар), Ви­ноградарство Таджикистана, Душанбе, 1969; Сорта винограда Узбекистана, Ташкент,  Шукуров.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …