Маълумоти охирин
Главная / Биология / Ангури ХАППАК

Ангури ХАППАК

ХАППАК ЯК навъ ангури маҳаллист. Токаш тезсабз, 44 фоизи навдааш ҳосил медиҳад. Баргаш 3-5- парра, хӯшааш калон (ба ҳисоби миёна 241 г), донааш лӯнда, сабзи зардтоб, сершира (қандаш 17,4 фоиз), 1—2-то тухм дорад.

angur

Даври нашваш 126—129 рӯз. Аз ҳар га токзор 90—140 с ҳосил меғундоранд. Барои тархӯрӣ истифода мешавад. Дар вилояти Сурхондарё мондааст. Аз ҷел бештар зарар мебинад.
Адабиёт: Ампелография СССР. Малораспространенные сорта винограда, том 3. Москва. 1966.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …