Маълумоти охирин
Главная / Илм / Амири Абдулаҳадхон

Амири Абдулаҳадхон

Абдулаҳадхон (16. 3, 1859, Кармина – 6.1.1911, ҳамон ҷо), амири ҳаштум аз сулолаи Манғития, фарзанди амир Музаффар. Абдулаҳадхон  соли 1873 дар синни 14-солагӣ беки Кармина (ҳозира шаҳри Навоии Ҷумхурии Ӯзбекистан) таъйин гардид. 15 майи (27 май) соли 1883 дар маросими тоҷгузории подшоҳи рус – Александри III иштирок намуд ва подшоҳи Россия ӯро валиаҳди тахти салтанати Бухоро эълом кард.

Абдулаҳадхон соҳибмаърифат буда, забони форсӣ- тоҷикиро хуб медонист; ба забонҳои арабӣ ва русӣ низ такаллум мекард. 17 ноябри 1885 дар Арки Бухоро ба тахти аморат нишастани Абдулаҳадхон  баргузор гардид. Солҳои аввали ҳукмрониаш амир Абдулаҳадхон дар Бухоро мезист; нисфи сол дар шаҳр мемонд; фасли зимистон чанд моҳ ба Шаҳрисабзу Қаршӣ мерафт, тобистон дар Кармина иқомат мекард. Дар Бухоро аксаран дар қароргоҳи беруни шаҳриаш – Ширбадан мезист.

Абдулаҳадхон марди таҳсилкардаву ҷаҳондида буд ва дар аморати Бу­хоро нияти ислоҳотро дошт, вале ба муқобилияти шадиди рӯҳониёни дарбору атроф дучор шуда, оқибат соли 1897 аз Бухоро ба Кармина рафт ва то охири умр ҳамон ҷо монд. Абдулаҳадхон бори аввал соли 1882 ба Россия сафар карда, минбаъд борҳо ба Москва ва Петербург рафтааст. Соли 1893 писараш Олимхонро ба Петербург бурда, соли 1896 дар ҷашни ба маснади императорӣ ниша­стани Николайи II иштирок намуда, бори охир қабл аз вафоташ дар Пе­тербург 25-солагии ҳукмрониашро бо тантана таҷлил кард. Ғайри Москваю Петербург Абдулаҳадхон ба шаҳрҳои Киев, Одесса, Боку, Тифлис, Батуми, Севастопол, Екатеринослав ва Боғчасарой са­фар кардааст.

Дар аҳди Абдулаҳадхон истисмори халқ авҷ гирифта, дар дохили амо­рат ҳаракати халқӣ торафт пурзур гардид. Калонтарини онҳо шӯриши Восеъ дар Балҷувон буд (1888), ки бераҳмона пахш карда шуд. Бо вуҷуди ин дар давраи ҳукмронии Абдулаҳадхон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Бухоро баъзе дигаргуниҳо ба амал оварда шуданд: дар зиндонҳо шиканҷаи тоқатфарсои маҳбусон андаке сабук шуд; коркарди саноатии канданиҳои фоиданок, аз қабили мис, оҳан ва тилло оғоз мешавад; махсус барои содир намудани ашёи хом ба Россия дар Амударё пул сохта шуд; роҳи оҳани Чорҷӯй – Самарқанд бунёд гардида, сими те­леграф кашида мешавад; тиҷорат нисбатан равнақ меёбад.

Абдуҳадхон дар сохтмони яке аз калонтарин масҷидҳои Европа дар шаҳри Петербург ҳиссагузор буд. Абдулаҳадхон ба адабиёту мусиқӣ низ рағбат дошта, бо тахаллусҳои «Масъуд» ва «Оҷиз» шеър менавишт; ба мусиқии урфии касбии тоҷикии «Шашмақом» таваҷҷӯҳи хос дошта, сози мусиқии танбӯрро хуб менавохт. Намунаи ашъори Абдулаҳадхон дар баъзе баёзҳо гирдоварӣ шуда дар Ганчҷинаи дастхатҳои Ин­ститути забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд. Садри Зиё дар рӯзномаи худ намунаи шеъри Абдулаҳадхонро, ки мухаммас бар ғазали Калим буда, саршор аз хасрату надомат ва шикоят аз «дӯстони» бадхоҳ мебошад, овардааст, ки як бандаш ин аст:

То кай зи аҳли шиква ба ман мерасад забон,

Бигзашт захмҳои забонҳо аз устухон,

Ғамгин наям ба даҳр ман аз ҳарфи душманон,

Рафтам фурӯ ба хок зи саркӯби дӯстон,

Навбат куҷо ба сарзаниши душманон расад.

Абдулаҳадхон унвони русии дарбории «генерал-адютант» дошта, дар як вақт вазифаҳои генерали қушунҳои савора (кавалерия), саркардаи (атамани) қушунҳои қазакҳои Терек, саркардаи полки 5-уми қазакҳои Оренбургро ба ӯҳда дошт. Бо чандин орденҳои Рос­сия, аз он ҷумла ордени олии Россия – «Святого апостола Андрея Первозванного» бо занҷираш (дараҷаи махсуси ин орден барои мусулмонон), инчунин бо ордени «Тоҷи Итолиё» (дар. I), орденҳои фаронсавии «Легиони фахрӣ» ва «Салиби калони афсарӣ» мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …