Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШВЕЙЦЕР Альберт

ШВЕЙЦЕР Альберт

albert-schweitzer

ШВЕЙЦЕР (Schweitzer) Альберт (14. 1. 1875, Кайэерсберг, Эльзас — 4. 9. 1965, Ламбарене (Габон)], мутафаккири немису франсавӣ; илоҳиётшинос, духтур, мусиқишинос; бо баромадҳои зиддиҷангиаш машҳур шудааст. Лауреати Мукофоти Франкфурти Гёте (1928) ва Мукофоти нобелии сулҳ (1952).

Швейцер оид ба масъалаҳои назарияи ахлоқ ва таърихи тамаддун (дин, мусиқӣ ва ғ.) кор кардааст. Рукни асосии таълимоташро дар ин соҳа ғояҳои гуманистӣ ташкил медиҳанд. Дар асараш «Тамаддун ва ахлоқ» мазмуни ахлоқӣ ва зиддиятҳои дохилии маданияти буржуазиро тадқиқ намуда, мақсади асосии дину фалсафаро бедор кардани руҳи гуманистӣ дар инсон пиндоштааст. Дар китобаш «Инқирози эҳьёи тамаддун» сабабҳои буҳрони маданияти буржуазӣ ва роҳҳои аз нав барқарор намудани онро нишон додааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …