Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Аҳмади Файз

Аҳмади Файз

ФАЙЗ Аҳмади Файз (1911, шаҳри Сиёлкути музофоти Панҷоб —1985), шоир, мунаққид ва арбоби ҷамъиятии Покистон. Ба забони урду менавишт.

Аз оилаи ҳуқуқшинос. Солҳои зиёд дар газетаҳои «Покистон таймс», «Имрӯз» ва газетаи ҳафтаинаи «Лайлу наҳор» вазифаи муҳарририро ба ӯҳда дошт. Файз солҳоя 30—40 бо назарияи марксистию ленинӣ шинос шуда буд. Яке аз муассисони Анҷуи мани нависавдагони тараққипарвари Ҳиндустон. Соли 1936 дар Конференсияи нахустини ин Анҷуман ширкат кард. Файз яке аа ташаббускорони Конференсияи 1-уми нависандагони тарақкипарвари Покистон дар Лоҳур буд (1949). Соли 1950 бо ташаббуси Файз дар Покистон ҳаракати муборизони сулҳ оғоз ёфт. Файз Котиби генералии Комитети сулҳи Покистон (1950) ва аъзои Совети умумиҷаҳонии сулҳ (1951) интихоб шуд. Солҳои 1951—55 дар ҳабс буд.

Файз пас аз озод гардидан аз ҳабс фаъолияти эҷодию ҷамъиятиашро давом дод. Лауреати Мукофоти байналхалқии сулҳ барои мустаҳкам кардани сулҳи байни халқҳо (1962). Лирикаи Файз оҳанги баланди гражданӣ дорад. Дар бисёр шеърҳои ӯ масъалаҳои муҳимми сиёсӣ ба миён гузошта шудаанд. Бештар қасида, ғазал ва марсия сурудааст. Шеърҳояш дар китобҳои «Нақши фаредӣ» (1941), «Дасти сабо» (1952), «Зиндоннома» (1957), «Дасти таҳи санг» (1963) ва «Сари водии Сино» (1971) фароҳам омадаанд.

Китоби Файз «Мизон» (1962) силсилаи мақолаҳои адабию танқидии муаллифро дар бар мегирад. Мактубҳои аз ҳабсхона навиштаи шоир дар китоби «Салиби тирезаи ман» (1971) ба табъ расидаанд. Файз борҳо ба Иттифоқи Советӣ омадааст. У дар Конференсияи нависандагонн мамлакатҳои Осиё ва Африка (Тошкент, 1968), ҷашни 1100-солагии зодрӯзи Рӯдакӣ(1958), 100-солагии таваллуди Айнӣ (1978) иштирок дошт. М. Турсунэода, ки бо Файз дӯст буд; дар достони «Ҷони ширин» Файзро ба некӣ ёд мекунад. Ашъори Файз дар матбуоти Тоҷикистон ба табъ расидаанд.

А. Ғаффорош.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …