Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБЗАТС

АБЗАТС

АБЗАТС (немисӣ Abzatz – фосила, аз феъли absetzen – фосила гузоштан),

1); ҷойи холӣ, фосилае, ки дар аввали матни дастнавис ва чопшуда ба миқдори ғунҷоиши се ва ё чор ҳарф гузошта мешавад;

2) порчаҳои мат­ни иборат аз як ҷумла ва ё зиёдтари аз нигоҳи маъниву мазмун бо ҳам алоқамандро бо Абзаст ҷудо мекунанд. Ҳамин порчаи матнро Абзатс мегӯянд. Дар порчаҳои манзум (шеър) гарчанде мазмунҳои гуногун ба ҳам алоқаманд меоянд, Абзатс гузошта намешавад.

abzac

Дар нашрияҳои махсус, масалан, энсиклопедия, маълумотномаҳо ва ғайра бо назардошти ҷиҳатҳои чопӣ (техникӣ) аз Абзатс кам истифода мешавад. . С. Қурбонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …