Маълумоти охирин

Абвер

Абвер (немисӣ Аbwehr), идораи раз­ведка ва контрразведкаи Германия. Соли 1919 таъсис гардида, соли 1938 ба Раёсати разведка ва контрразведкаи Фармондеҳии олии Қувваҳои мусаллахи Германия табдил ёфт. Ба гирдоварии иттилооти махфии ҳарбӣ дар давлатҳои хориҷӣ, тахрибкориҳо дар ақибгоҳи душман ва амсоли инҳо машғул буд, ҳамчунин контрразвед­каи дохилию хориҷии мамлакатро танзиму идора мекард.

Абвер солҳои 1935 – 1944 дар бисёр мамлакатҳо шабакаҳои худро дошт. Аз тирамоҳи 1940 Абвер тамоми нерӯи худро тибқи нақшаи «Барбаросса» алайҳи Иттифоқи Советӣ равона карда буд. Феврали 1944 Абвер барҳам хурд ва вазифаи он ба ӯҳдаи Сарраёсати амнияти империявӣ вогузор гардид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …