Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУТОҲИРХОҶА Мир Абутоҳир ибни Абусаиди Садри Самарқандӣ

АБУТОҲИРХОҶА Мир Абутоҳир ибни Абусаиди Садри Самарқандӣ

АБУТОҲИРХОҶА Мир Абутоҳир ибни Абусаиди Садри Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррих, шоир ва табиби асри 19-и тоҷик. Аз Абутоҳирхоҷа асарҳои «Самария» «Ахлоқи Музаффарӣ» боқӣ мондаанд. Муҳимтарин асари таърихии Абутоҳирхоҷа  китоби «Самария» аст, ки солҳои 30 асри 19 таълиф шудааст. Ки­тоб аз муқаддима ва 11 боб иборат буда, вокеаҳои таърихии Самарқанд ва навоҳии атрофи он аз давраҳои қадим то замони зиндагии муаллифро дар бар гирифтааст.

Дар бораи табиати шаҳр, фаслҳои сол, олами набототу ҳайвонот, кӯҳҳову дарёҳову чашмасорон, ёдгориҳои меъморӣ маълумоти пурарзиш медиҳад. Ки­тоби «Ахлоқи Музаффарӣ» аз васфи пайғамбар (с), ҷаҳонбинию ахлоқи мусалмонон ва атвору одоби амир Музаффар иборат мебошад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …