Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУТОҲИРИ ТАРТУСӢ

АБУТОҲИРИ ТАРТУСӢ

АБУТОҲИРИ ТАРТУСӢ Муҳам­мад ибни Ҳусайн (соли таваллуд ва вафот но­маълум), достонсарои форс-тоҷик (асри 11). Дар баъзе сарчашмаҳо бо номи Тарсусӣ низ зикр шудааст. Абутоҳирӣ Тартусӣ дар сарчашмаҳо муаллифи достонҳои «Абумуслимнома», «Қаҳрамоннома», «Искандарнома», «Қирони Ҳабашӣ», «Мусайибнома», «Қиссаи Ҷамшед», «Ҳушангнома», «Доробнома», «Айёрнома» ёд шудааст. Абутоҳирӣ Тартусӣ  достонҳояшро забонӣ гуфтааст, сипас онҳоро касони дигар ба шакли китоб даровардаанд. Бо вуҷуди он ки матни асарҳо навишта мешуданд, достонсароёни дигар онҳоро ҳамчунон забонӣ ҳикоят мекарданд. Аз рӯи матн ошкор кардани пайдоиши он асарҳо душвор аст.

Дар ин сурат барои таъйини рӯзгори достонсаро маълумоти бавосита аҳамият пайдо мекунанд. Аз рӯи пешгуфтори достоин туркии «Айёрнома» онро Абутоҳирӣ Тартусӣ дар ҳузури Султон Маҳмуди Ғазнавӣ гуфтааст. Қиссаҳои боқимондаи Абутоҳирӣ Тартусӣ гувоҳи истеъдоди баланди достонсароии ӯянд. Ӯ ба достонсароёни пасина таъсири бузург гузоштааст. Онҳо аз сужетсозиву саҳнаороиву тасвирҳои ӯ, саргузаштҳои рангини айёрони ӯ фаровон истифода кардаанд.

Основание: Достони Бӯрондухт ва Искакдар, Душанбе.

1991; Абумуслимнома. Душанбе, 1994.

Адабиёт: Чиллаев К., Народный роман «Абу Муслимнаме», Душанбе, 1985.

К Чиллаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …