Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУТАЙИБИ ТОҲИР

АБУТАЙИБИ ТОҲИР

АБУТАЙИБИ ТОҲИР, (861, Марв -913, Бухоро), мусиқишиноси форсу тоҷик. Аз донишмандони илми мусиҷии аҳди Сомониён. Асосҳои амалӣ ва назариявии мусиқиро назди Абулаббоси Сарахсӣ (вафот 899), Аҳмади Сарахсӣ (вафот 901), Абулаббоси Бах­тиёр (вафот 920) омӯхтааст. Дар омӯзишу тарғиби осори хаттии паҳлавӣ, шарҳу тафсири асарҳои донишман­дони Юнони Қадим – Арасту, Афлотун, Никомах, Батлимус ва Уклидус саҳми босазо гузоштааст.

Асарҳои чанде аз ин мусиқидононро ба арабӣ тарҷума карда, ба онҳо шарҳу эзоҳ навиштааст. Абутайиби Тоҳир оид ба мусиқӣ асарҳои мукаммали назариявӣ, аз ҷумла «Китоб-ул-одоб-ил-гиноъ» ва «Китоб фӣ-н-нағам» навиштааст. Ӯ дар ин асарҳояш мусиқиро чун илм ва санъат тафсир дода, оид бо созҳои мусиқӣ, ҷанбаҳои гуногуни созу овоз, комёбию норасоиҳои афкори мусиқишиносони Юнони Қадим нуқтаи назари худро баён намудааст. Бино ба гуфти Ибни Надим («Ал-Фехрист») ва Ибни Усайбия («Уюн-ул-анбаъ») тарҷумаи «Қонунҳои мусиқӣ»-и Афлотун аз чониби Абутайиби Тоҳир аз ҷумлаи беҳтарин тарҷума ва тафсирҳо будааст.

Абутайиби Тоҳир дар асарҳояш ба анъанаҳои таърихии афкори мусиқии мардуми эронинажод диққати махсус дода, мусиқии аҳди Сосониёнро аз саҳифаҳои бой ва рангини созу овоз шуморидааст. Хусусан дар асараш «Китоб фӣ-н-нағам» («Китоб оид ба сурудхо») баробари тафсири таркиботи суруд, таронаҳои қадимии тоисломӣ ва замонаш, инчунин рочеъ ба силсилаи «Хусравониёт», «Форси­ст», шаклҳои маъмули сарояндагии аҳди Сосониён «чома» («чакомак»), «транак» («тарона»), «патвожа», «паҳлавиёт» маълумоти мукаммал дода, онро ба ҳаёти мусиқии асрҳои 9-10 пайвастааст. Офаридаҳои Абутайиби Тоҳир ҳамчун сарчашмаи мӯътамади мусиқӣ эътироф шуда, дар ҳалли би­сёр масъалаҳои созу овоз чун дастур кӯмак намудаанд. Аз чумла Абунасри Форобӣ дар «Китоб-ул-мусиқӣ-ал- кабир» аз онҳо баҳра бардоштааст.

Адабиёт: Р а ч а б о в А., Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ, Душанбе, 2008.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …