Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУТАЙИБИ МУСЪАБӢ

АБУТАЙИБИ МУСЪАБӢ

АБУТАЙИБИ МУСЪАБӢ Муҳам­мад ибни Ҳотам (соли таваллуд номаълум – вафот 938), шоири форс-тоҷик. Абутайиб куния ва Мусъабӣ тахаллусаш мебошад. Аз ишораҳову тавсифҳои сарчашмаҳои адабӣ (масалан, «Лубоб-ул- албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ) бармеояд, ки шахси донишманд, со- ҳибмаърифат ва сиёсатмадор будааст. Аз шеъри дар васфи Рӯдакӣ сурудааш маълум мешавад, ки бо ин шоир дӯстӣ ва рафоқат доштааст.

Бо шахсияти дигари бонуфузи дарбори Сомониён – Балъамӣ низ дӯст буд. Ҳамроҳи вай корҳои вазорат ва рисолати амир Насри П-ро иҷро мекардааст. Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» меорад, ки Абутайиби Мусъабӣ маъзул шудани Балъамӣ (907) ва ба ҷойи ӯ омадани вазир Абуалии Ҷайхониро намехост. Боре ба фармони амир мухолифат кард ва ба қатл расид.

Абутайиби Мусъабӣ шоири қасидасаро буд. Ба забонҳои форсии тоҷикӣ ва арабӣ шеър мегуфт. Ашъори арабиаш дар «Ятимат-уд-даҳр»-и Саолибӣ оварда шудаанд. Байти зе­рни намунае аз шеъри ӯст:

Ҷаҳоно, қамоно фусунию бодӣ,

Ки бар кас напоию бо кас насозӣ.

А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …