Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУТАММОМ ҲАБИБ

АБУТАММОМ ҲАБИБ

АБУТАММОМ ҲАБИБ (796, деҳаи Ҷосими назди Димишқ – 843, Мавсил), шоири араб. Аз насрониён буд, вале ба дини ислом гаравид ва худро ба қабилаи Тай нисбат медод. Ба кишварҳои гуногуни араб – Шом, Миср, Ироқ сафар кардааст. Муддате дар хидмати дарбори халифа Муътасим буд. Аз Абутаммом Ҳабиб девони ашъор иборат аз касидаҳо, марсияҳо, ҳаҷвияҳо боқӣ мондааст.

Инчунин Абутаммом Ҳабиб  чун гирдоварандаи намунаҳои ашъори шоирони пешазисломӣ ва исломии то замони Аббосиён маъруф аст. Осори гидовардаашро дар 7 тазкира ҷой додааст. Аз он чумла «Китоб- ул-хамоса» ва «Ихтиёр-уш-шуаро ал-фуҳул» – мунтахаби қасоиди шо­ирони давраи пешазисломӣ ва исломист, ки то замони мо расидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …