Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУСУУДИ КУРДӢ

АБУСУУДИ КУРДӢ

АБУСУУДИ КУРДӢ ибни Муҳам­мада Инодӣ (1488 – 1575, Истанбул), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Маълумоти ибтидоиро аз падараш дар Инодияи Курдистон гирифт. Силас барои идомаи таҳсил ба Ис­танбул рафт. Соли 1539 ба мансаби қозии аскар ва соли 1547 ба мансаби шайхулисломӣ расид. Абусууди Курдӣ дар баробари иҷрои корҳои давлатӣ оид ба илми фиқҳ, тафсир, риёзиёту илоҳиёт ва адабиёт рисолаҳои илми иншо кардааст. Ба забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркӣ шеър мегуфт. Асарҳояш дар Мисру Туркия ба табъ расидаанд. Яке аз кӯчаҳои Истанбул ба номи Абусууди Курдӣ гузошта шудааст.

Адабиёт: Деҳхудо, Луғатнома, ҷилди 1,Тошкент, 1325 ҳиҷрии шамсӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …