Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / АБУСИМБАЛ

АБУСИМБАЛ

АБУСИМБАЛ – Шаҳр дар соҳили ғарбии дарёи Нил, ки дар он дар давраи ҳукмронии Рамзеси II (1388 – 1322 то милод) ду ибодатхонаи машҳури Мисри Қадим тарошида шудааст. Ибо­датхонаи калон ба шарафи худи шоҳ Рамзеси II, ибодатхонаи хурд ба ша­рафи зани якуми ӯ – малика Нофретари бино ёфтааст.

abu_simbal

Дар Абусимбал ҳайкалҳо ва мусаввараҳо мавҷуданд. Дар ду тарафи даромадгоҳи ибодатхонаи калон чор ҳайкали бузурги Рамзеси II дар ҳолати нишаста дар сахра (баландиашон тақрибан 20 метр) тарошида шу­дааст. Дар ин маъбад инчунин си- мои худовандии шоҳ Рамзеси II дар ҳолати таъзимкунӣ ба худ пушт ба девор тасвир ёфтааст, ки дар иҳотаи шоҳони дигар боҳашамтар менамояд.

Дар пеши маъбади хурд 6 ҳайкали бо усули горелйеф тарошида истодаанд, ки дар ҳар тарафи онҳо ду симои шоҳ ва як симои малика тас­вир ёфтаанд. Дар андоми ҳайкали дуюм (дар қисми ҷанубии маъ­бад) навиштачоте мавҷуд аст. Онро ҷанговарони зархариди ионӣ, ки дар  давраи ҳукмронии Псамметихи I (664 – 610 то милод) вақти ақибнишӣ аз Элефантина ба Эфиопия кандакорӣ кардаанд. Дар навиштаҷоти иэроглифӣ ин сахраи регии баландиаш 100метр «кӯҳи муқаддас» номида шудааст. Аз сабаби он ки дар ин сахра иншооти истеҳкомӣ сохта шудаанд, онро дар иэроглифҳо «калъаи Рамзес» номидаанд.

ДАР ХАРИТА

Номи ҳозираи Абусимбал аз номи сахрае гирифта шудааст, ки дар он ҷо дарё маҷрояшро дигар мекунад. Дар ин сахра нақши барҷаста (барелйефӣ)-и марди мисрии пешдоманаш нӯгтез кандакорӣ шудааст, ки ба назари маллохони араб ба хӯша монанд менамудааст. Бинобар ин он тасвирро Абусимбал номидаанд. Баъдтар тамоми сахраҳо ва маъбадҳои дар онҳо биноёфта Абусимбал  ном гирифтаанд. Дар натиҷаи сохтмони дарғоти Асвон ҳавфи зери об мондани Абусимбал  пеш омад. Аз ин са- баб Абусимбал солҳои 1963 – 67 ба ҷойи бехавф кӯчонда шуд. Ҳоло он 65 метр баландтар ва 200 метр дуртар аз дарё, 280 километр ҷанубтари Асвон ҷойгир аст.

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …