Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУСАЙИДИ СИҶЗӢ

АБУСАЙИДИ СИҶЗӢ

АБУСАЙИДИ СИҶЗӢ ибни Му­ҳаммад ибни Абдуҷалил (тақрибан 951— 1024), муҳандис ва ҳайатшиноси Сиҷистонӣ. Асарҳои Абусайиди Сиҷзӣ бештар ба шаклсозиҳои геометрӣ, буришҳои махрутӣ (конусӣ), вобастагии гипер­бола ба асимптотаҳояш, трисексияи кунҷ, масъалаҳои нуҷум ва ба сохти афзори мунаҷҷимӣ бахшида шудаанд. Қариб 30 рисолаи Абусайиди Сиҷзӣ  то давраи мо расидааст, ки дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон маҳфузанд. «Рисолаи фӣ васф-ул-қутуъ-ил-махрутия» («Рисола дар васфи буришҳои конусӣ»), «Китоб-ут-таркиб ил-афлок» («Китоб роҷеъ ба таркиби фалакҳо»), «Китоб- ул-мизоҷот-ил-кавокиб» («Китоб дар бораи мизоҷи ситораҳо») аз ҷумлаи онҳоанд. Асарҳои Абусайиди Сиҷзӣ  дар инкишофи риёзиёти Шарқ роли муҳим бозида, ба пешрафти математикаю астро­номиям Европа таъсир расондаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …