Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАРРОҚА Абдурраҳмон ибни Аҳмади Балхӣ

АБУСАРРОҚА Абдурраҳмон ибни Аҳмади Балхӣ

АБУСАРРОҚА Абдурраҳмон ибни Аҳмади Балхӣ (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), шоири форс-тоҷик (асри 11). Дар тазкираҳо аз ин шахс чун шоири до- ираи адабии Ғазнин ёд мешавад. Касби асосиаш шоири набудааст. Вай бо дуредгарӣ (наҷҷорӣ) рӯз мегузаронид. Ашъори нафису дилангез, равону сода ва ба оҳанги мусиқӣ созгор (суруд) доштааст. Дар қасидасароӣ моҳир будааст. Девон доштанаш маълум нест. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо омадаанд (масалан «Лубоб-ул- албоб»-и Муҳаммад Авфӣ).

Адабиёт: АбдуллоевА., Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI, Душанбе, 1979.

А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …