Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАИД МАХДУМ

АБУСАИД МАХДУМ

АБУСАИД МАХДУМ (соли таваллуд номаълум – вафот 1910, Самарқанд), хаттот ва кишваршиноси тоҷик, гирдоварандаи дастнависҳои шарқӣ ва осори атика. Аз оилаи мударрис. Дар Мадрасаи Тиллокории Самарқанд таҳсил кардааст. Аз овони ҷавонӣ ба таъриху маданияти тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна шавқи зиёд дошта, ҳангоми таҳсил дар Мадраса бисёр асарҳои таърихиро гирдоварӣ ва китобат намудааст. Дертар бо шарқшиносони рус Н. И. Веселовский, В. В. Бартолд, В. Л. Вяткин, А. А. Се­мёнов шинос шуда, дар омӯзиши осо­ри ниёгони тоҷикон бо онҳо ҳамкорӣ кардааст.

Барои Н. И. Веселов­ский асари таърихии Абутоҳирхоҷа «Сармария»-ро китобат кардааст, ки тарҷумаи русии он соли 1899 ба табъ расид. Ғайр аз ин барои В. В. Бартолд бисёр дастнависҳои шарқӣ, аз ҷумла нусхаҳои асари таърихии Мирхонд «Равзат-ус-сафо»-ро гирд овардааст. Барои Музейи маданияти Осиё (Мос­ква) васиқаҳо, ҳуҷҷатҳои давлатӣ, вақфномаҳо ва ғайраро ҷамъ намудааст. Ба В. Л. Вяткин дар кори муайян на- мудани ҷойи Расадхонаи Улуғбек ёрӣ расонда, солҳои 1908 – 09 дар ҳафриёти он иштирок кардааст.  А. Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …