Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАИД БАҲОДУРХОН

АБУСАИД БАҲОДУРХОН

АБУСАИД БАҲОДУРХОН, охирин хони муғул аз силсилаи Элхонҳо. Абусаид пас аз марги падараш Ӯлчойтухон (1316) дар Табрез ба тахти салтанат нишаст, вале чун ҷавон буд, кудрати воқеӣ дар дасти амир Чӯпон қарор дошт. Авзои сиёсии ин давра ба сомон набуд; амирони муғултабор пай дар пай киём ме- бардоштанд. Окибат соли 1324 амирони муғул бар зидди амир Чӯпон шӯриданд. Вазири нав Нусратуддин Одили Насавӣ натавонист дар ислоҳи умури идорӣ муваффақ шавад. Дар натиҷаи даргириҳо, Абусаид бо баҳонае амир Чӯпон ва фарзандони вайро ба қатл расонд (1338).

Рӯйдодҳои сиёсӣ  ва низомие, ки дар ин муддат рух доданд, ғайримустақим боиси равнақи нуфузи Усмониёни турк дар Осиёи хурд гардиданд. Пас аз қатли амир Чӯпон, давраи нави ҳукумати Абусаид оғоз мешавад, вале дар Хуро­сон ошӯбҳои амирони муғул дубора шиддат гирифтанд. Хар як аз амир ё волии элхониён хоҳони истиклол шуда, ноҳияи Ҳирот, Балх, Нишопур, Мозандаронро пайваста ғорат мекарданд. Оли Карти Ҳирот низ ба­рои истиқлоли хеш мубориза мебурд.

Муғулони чағатоӣ пайваста ба шаҳру вилояти Хуросон ҳамла мекарданд. Абусаид тавонист шӯриши Тош Темур ва Но­рин Туғойро саркӯб намояд. Ба хамин тарик, Абусаид  ҳукумати худро дар Ху­росон барқарор кард, вале дар юриши зидди Узбакхон (1336) бар асари беморӣ дар Қаробоғи Озарбойҷон даргузашт. Абусаид сиёсати мусолиматомезе бо мамлукони Миср дошт. Иддае аз шоирони маъруфи он рӯзгор, аз қабили Хоҷуи Кирмонӣ, Авҳадии Мароғаӣ, Аҳмади Табрезӣ шахсият ва фазоили Абусаидро тавсиф кардаанд. Абусаид илова бар сурудани шеър, хати арабиро хеле зебо менавишт. Ҳамчунин ба мусиқӣ низ муҳаббат дошт ва удро некӯ менавохт.    Л. Бойматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …