Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абунувос Ҳасан ибни Ҳонӣ

Абунувос Ҳасан ибни Ҳонӣ

АБУНУВОС Ҳасан ибни Ҳонӣ (762. Аҳвоз – 813, Бағдод), шоири ара- бизабони эронинажод. Дар ҷавонӣ аз падар маҳрум шуд. Ҳамроҳи модараш ба Басра кӯчида, дар назди Волиба ибни Ҳубоб ном шоири араб аз шеъру шоири сабақ гирифт. Пас аз муддате Абунувос дар шоирӣ шӯҳрат ёфт ва ба Бағдод рафта, дар силки шоирони дарбори халифаҳо Ҳорунуррашид ва Амин ворид гардид. Абунувос дар тамоми навъҳои назми арабӣ шеър гуфтааст.

Ӯ чун бунёдгузори навъи тардиёт (шеърҳо дар васфи шикор) шинохта шудааст, вале Абунувос бештар бо ҳамриёт (шеърҳо дар васфи май, бодаю соғap) шӯҳратманд гардидааст. Ба шарофати Абунувос ҳамриёт дар адабиёти араб мавкеъ пайдо кард ва ба навъи мустақили эҷодӣ табдил ёфт. Зимни тасвири бодаю соғap, лаҳзаҳои гуворои ҳаёт, таваҷҷухи бепоёни худро ба тамаддуни ниёгонаш ифода намудааст ва ақоиди шуубияи худро иброз доштааст.

Абунувос дар ашъораш аз калимаҳои форсӣ хеле фаровон истифода намудааст. Дар офаридаҳои ӯ коми шахсиятҳои таърихӣ, асотирӣ, фолклории пешазисломӣ вомехӯранд, тасвири расму оин ва анъанаҳои зардуштӣ ба назар мерасанд. Чунин шеърҳои Абунувос бо номи «форсиёт» маъруфанд. Абунувос чун шоири озодандеш, шӯхтабъу ҳозирҷавоб, базлагӯю зиндадил дар байни халқ машҳур буд. Аз ин ҷост, ки дар бораи ӯ ва ё аз номи ӯ латифаҳои мутоибаиву ҳазломез ба миён омадаанд. Ашъори боқимондаи Абунувос дар ҳудуди 12 ҳазор байт аст, ки дар девоне фароҳам омада, ба жанрҳои адабии мадҳия, марсия, ҳаҷвия, ҳамрия, тардид ва ғайра тақсимбандӣ шудаанд. Девони Абунувос соли 1962 дар Бейрут ба табъ расидааст. Намунаҳо аз эҷодиёти Абунувос ба забонҳои англисӣ, немисӣ, русӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.

Адабиёт: Шидфар Б. Я., Абу Нувас, Москва, 1978; Фильштинекий И. М., История арабской литературы, Москва, 1985.   Н. Зоҳидов

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …