Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУНАСРИ ҚУБОВӢ

АБУНАСРИ ҚУБОВӢ

АБУНАСРИ ҚУБОВӢ Аҳмад иб­ни Наср (соли таваллуд ва вафот номаълум), адиб, тарҷумон ва таърихнигори форс-точик (асри 12). Дар баъзе манобеъ ва асарҳои таҳқиқӣ нисбаи ин шахс Бухороӣ омадааст. Аз корҳои ба анҷом расонидаи Абунасри Қубовӣ тарҷумаи «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ме- бошад.

Наршахӣ ин асарро барои ҳукмрони сулолаи Сомониён Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ навишта буд. Абунасри Қубовӣ дар тарҷумааш «Таърихи Бухоро»- ро андаке ихтисор кардааст, вале дар баробари ин ба он таърихи сулолаи Қарахониён ва баъзе воқеоти таърихии то солҳои 1128 – 29 дар Осиёи Миёна рӯйдодаро илова намуда­аст. Нусхаҳои «Таърихи Бухоро»-и тарчумакардаи Абунасри Қубовӣ дар шӯъбаи дастнависҳои Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ, Ганҷинаи дастнависҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар китобхонаҳои Тошканд, Москва, Санкт-Петербург  маҳфузанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …