Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУНАСРИ ТОЛИҚОНӢ

АБУНАСРИ ТОЛИҚОНӢ

АБУНАСРИ ТОЛИҚОНӢ Аҳмад ибни Иброҳим (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), шоири форс-тоҷик (асри11). Дар тазкираҳо аз ӯ чун шоири дарбори Салҷуқиён ва вазири машҳур – Ни­зомулмулк (1017 — 92) сухан меравад. Девонаш дастрас нагардидааст, вале қасоиди бисёре аз ӯ дар тазкираҳо омадааст, ки баъзеи онҳо дар мадхи Низомулмулк мебошанд. Ба ғайр аз ин аз Абунасри Толиқонӣ рубоиҳои панду андарзӣ, ишқӣ ва ғайра дастрас гардидаанд. Абёти зерин намунае аз эҷодиёти ӯст:

Накунад бо адӯ мудоро суд,

3-ӯ ба ҳар ҳол дур бояд буд.

Гарчи дорӣ ба ноз каждумро,

Бигазад, ҳар куҷо биёбад, зуд.

С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …