Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абунаср ибни Муҳаммад

Абунаср ибни Муҳаммад

АБУНАСР, Бунаср, номи пуррааш Абунаср ибни Муҳаммад, машҳур ба Бунасри Мутриб (889, Марв – 961, Бухоро), мусиқидон, навозанда ва сарояндаи форсу тоҷик (асри 10). Абунаср илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, ба­рои такмили пешаи навозандагӣ ба Бухоро меояд. Дар ин ҷо назди Абулаббоси Бахтиёр асосҳои назариявии мусиқиро меомӯзад. Абунаср дар иҷрои достонҳои қахрамонӣ ва ҳамосӣ истеъдоди беназир дошт ва дар ҳунари иҷроӣ мӯътақиди сабки қадимии мардумони эронӣ буд.

Дар пайравии «Хусравониёт»-и Борбад силсилаи на­ви сурудҳои «Роҳи мовароуннаҳрӣ»- ро эҷод кардааст Дар овозхонӣ аз ифодаҳои мураккаби авҷӣ истифода намудааст ва бад-ин сабаб ӯро устодаш Абулаббоси Бахтиёр «Бунасри зилхон» ном бурдааст. Мавзӯи таснифоти Абунаср сурудҳои ҷашнӣ ва маросиму оинҳои халқӣ инчунин тараннуми далерӣ, шуҷоатмандӣ, ватандӯстӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Ӯ оид ба мусиқӣ рисолае низ доштааст, ки ба мо нарасидааст.

Адабиёт: Раҷабов А., Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Душанбе, 2000; ҳамон муаллиф, Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ, Душанбе, 2008.   А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …