Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБУМУСЛИМНОМА

АБУМУСЛИМНОМА

«АБУМУСЛИМНОМА», яке аз нахустин асарҳои насри омиёнаи форси- тоҷикист. Аз нигоҳи навъи адабӣ (жанр) ин асар достони размию таърихӣ буда, падидаҳову рӯйдодҳои ҳам воқеиву ҳам хаёлиро фаро гирифтааст. Қаҳрамони марказии дос­тон шахси таърихӣ, пешвои шӯриши зидди Хилофати Умавиён Абумусли­ми Хуросонист. Дар миёнаи асри 8 дар сарзаминҳое, ки мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон, маскун бу­данд, норозигии мардум аз Хилофати араб бар авҷи хеш расид. Намояндагони хонадонҳои Аббосиёну Алавиён аз ин ҳол баҳра ҷуста, алайҳи Умавиён бархостанд.

Дар ин нуқта ҳадафҳои давлатхоҳии Аббосиёну Алавиён бо ормонҳои озодихоҳонаи мардуми эронинажод мувофиқ омаданд. Аббосиён, ки худ бештар ба нерӯҳои зиддиумавии эрониён такя доштанд, Абумуслими Хуросониро ба пешвоии ин шӯриш бардошганд. Соли 747 Абумуслим парчами сиёҳи Аббосиёнро барафрошт ва шӯриши озодихоҳиву зиддиумавии мардуми Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эронро сарварӣ кард. Соли 750 Абумус­лим нерӯҳои Умавиёнро шикаст дод ва халифа Марвони Ҳиморро кушт. Бо хамин хилофат ба дасти Аббосиён гузашт. Пас аз ин пирӯзӣ Аббо­сиён Абумуслимро амири Хуросон таъйин карданд. Аммо Абумуслим, ки худ марди сарбаланду бошараф буд, бо хулафои Аббосӣ муносибати мағруронае дошт. Аз ин рӯ Аббосиён аз ӯ хавф доштанд.

Халифаи дуюми Аббосӣ Абуҷаъфари Мансур дар пайи нобудии Абумуслим афтод. Ӯ борҳо Абумуслимро назди худ хонд, аммо Абумуслим гӯш ба сухани ӯ намедод. Саранҷом соли 755 Абумуслим ба пойтахти Мансур омад. Абумансур ӯро дар кӯшки худ бурд ва хоинона бикушт. Ҳамин аст бунёди таърихии дос­тон, ки бо воқеияти таърихӣ умумияти тамом дорад. Дар ҳама нусхаҳои дастнависи достони «Абумуслимнома» офарандаи онро Абутоҳири Тартусӣ (дар баъзе навиштаҳо Тарсусӣ) гуфтаанд. Масалан, дар пешгуфтори яке аз тарҷумаҳои туркии «Абумуслимнома» гуфта шудааст, ки онро бо хоҳиши Султон Маҳмуд (ҳукмронии 998 – 1030) Абутоҳири Тартусӣ таълиф кардааст.

«Абумуслимнома» нахуст дар шакли даҳонӣ пайдо шуда, сипас чун китоб ба табъ расидааст. Аз ишораҳои таърихномаҳо бармеояд, ки «Абумуслимнома А.» охири асри 11 дар шакли хаттӣ мавҷуд будааст. «Абумуслимнома » аз оғози пайдоиши худ то солҳои 20 асри 20 машҳуртарин достони омиёна будааст. Дар ин муддати дароз дар сарзаминҳои паҳновари форсиён ин достон ба дигаргуниҳои фаровон дучор шудааст. «Абумуслимнома» падидаи муҳити демократист ва мундариҷаи ғоявии он низ дар савияи афкори ин муҳит аст. Офарандагони достон, ки худ аз ми­ёни омиён берун омадаанд, онро ба завқу ҷаҳонбинии худ мувофик кардаанд. Аз ин рӯ, қаҳрамонони он, агарчи бархе аз онҳо шоҳу шоҳзодаанд, рӯҳи омиёна доранд. Қаҳрамони марказии асар Абдурраҳмон, ки кунияташ Абу­муслим аст, парвардаи ҳамин муҳит мебошад. Ӯ дар деҳаи Моҳони Марв ба дунё омада, дар муҳити мардуми заҳматкаш кору зиндагӣ омӯхтааст. Давлатмандон ӯро ҳезумфурӯш мегуфтанд ва бо ӯ нописандона муносибат мекарданд. Абдурраҳмон корномаҳои худро бо ёрии дӯстонаш Хурдаки оҳангар, Абутоҳири сайқалгар, Абуалии дуредгар, Абуҷаъфари гилкор, Исхоқи кундашикан ва кишоварзону пешоварон анҷом медиҳад. Достонсароён сахт кӯшидаанд, ки роҳи қаҳрамони хешро аз ҳезумфурӯшӣ то ба пойгоҳи сипаҳсолориву амирӣ бо рангҳои ҳар чи дурахшонтар тасвир кунанд. « Абумуслимнома» асари пурмоҷаро аст.

Мундариҷаи достон саршор аз ҳодисаҳои таърихӣ буда, бо омезаҳои ангорӣ басо паҳновару ғаниву рангинтар ба тасвир расидаанд. Аз мавқеи таърихии набарди Абумуслим бо Умавиён дар достон танҳо ишорае мавҷуд асту бас. Бештар корзору корномаҳои Абумуслиму Ахмади Замчӣ, Мизробшоҳи Ҷаҳонгири Хоразмиву Маликзод, Турки Тахмоспу Тарид ва дигар размиёни сипоҳи Абумуслим, айёриҳои Зулобиву Боди Ялдо, Ҷонфулусу Доғуливу Каҷпо ва дигар тас­вир ёфтаанд, ки аз вокеаҳои хушки таърихӣ рангинтар ба назар мерасанд. Маҳз ҳамин сабаб дар муайян кардани жанри асар душворие пеш меорад. Набардҳои танбатани паҳлавонон асарро ба ҳамосаи размӣ наздик сохтааст. Он моҷарову саргузаштҳои шигифтовар, ки айёрон аз cap мегузаронанд, асарро ба жанри роман (ба истилоҳи имрӯза) монанд мекунанд.

«Абумуслимнома » яке аз ҷолибтарин достонҳоест, ки расму ойини мардуми одӣ, муҳити зиндагӣ ва андешаву ангораи зебоишиносии ононро басо дурахшону рангин бозтоб кардааст. Он муҳити озоду демократие, ки достонгуёну шунавандагони ононро фаро гирифтааст, як омили муҳими ошкоро баён кардани ниҳонтарин розҳо дар дос­тон гардидааст. Ҳамин муҳит барои кор бастани хандаи омиёна дар дос­тон созгорӣ кардааст. Ханда яке аз муҳимтарин воситаҳои корбасти ан­дешаву орзуҳои мардуми ранчбар дар ҳунарномаҳои онҳо буда, муносибати офарандагони ин достонро ба ҳастӣ ва рӯзгори иҷтимоиву сиёсии замон ифода мекунад. Ин вижагии мухтавои достон онро аз баландии вижагии жанрии ҳамосаи размӣ ба зер овар­да, бо муҳити зиндагии офарандагону шунавандагони он ҳамсоз мекунад ва ҷанбаи романии онро меафзояд. Бархе кирдорҳои зишти каҳрамонони маҳбуб ақидаи деринаи нодурустеро, ки гӯё «Абумуслимнома» асари динист, аз беҳ инкор мекунад. Дар достон ғояҳои иҷтимоии давр бо ҳаводиси таъри­хии рӯзгор дар ҳамбастагӣ тасвир шудаанд. Адолатхоҳӣ, ки мардуми ранҷбар ҳамеша хостори он будаанд, дар маркази тасвири достони «Абумуслимнома» ҷой доранд. Аммо ҳар намояндаи гурӯҳи ҷомеа ин пиндорро аз дидгоҳи суду зиёни худ шарҳ медиҳаду мепазирад. Дар достон, ки офаридаи мардум аст, падидаҳову рӯйдодҳои таърихӣ, иҷтимоиву сиёсӣ бештар аз дидгоҳи онон шарҳ ёфтаанд. Ҷахони рангини достонии асар ҷахони ормону андешаҳои худи мардум аст. «Абумуслимнома » борҳо ба забонҳои туркӣ тарҷума шуда, дар миёни мардуми туркизабон низ шӯҳрати тамом дорад.

Нашрияи: Абумуслимнома, Душанбе, 1994.

Адабиёт: Салимов Ю., Насри ривоятии форсу тоҷик, Душанбе, 1971; Брагинский И. С., Очерки из истории таджикской литературы, Москва, 1958; Борщевский Ю. Е., Персидская народная литература. Плутовка из Багдада, Москва. 1963; Чиллаев К., Народный роман «Абумуслимнаме», Душанбе. 1985.      К Чиллаев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …