Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУМАНСУР Муҳаммад ибни Абдурраззоқ

АБУМАНСУР Муҳаммад ибни Абдурраззоқ

АБУМАНСУР, Муҳаммад ибни Абдурраззоқ (соли таваллуд номаълум – вафот 963), ҳодими давлатии форс-тоҷик. Аз ашрофи шаҳри Туси Эрон. Муддате ҳокими ҳамин шаҳр буд. Солҳои 947 – 951 якчанд бор сипаҳсолори Хуросон таъин гардида, боз маъзул шудааст. Давраи нисбатан оромтари сипаҳсолории ӯ солҳои 951 – 963 мебошад. Абулянбағӣ ба таърихи куҳани Эрон, ҳамосаҳои қаҳрамонӣ, афсонаҳову ривоятҳо ва достонҳои бостонии мардуми эронинажод таваҷчухи хос дошт.

Ба сабаби ҳамин дилбохтагӣ вай  вазири худ Абумансурн Муаммириро маъмури тадвинн асаре дар таърихи подшоҳони Эрон кард. Муаммирӣ чаҳор нафар мубади донншманди деҳқоннажод (ашрофон)-ро ба Тус хонда, навиштани всареро оид ба таъ­рихи Эрони бостон ба ӯхдаи онон вогузошт. Асари навиштаи онҳо ба ифтихори Абумансур «Шоҳноман Абумансурӣ» ном гирифт. Ин асар маъхази асосии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ будааст. Фирдавсӣ дар бораи Абумансур навиштааст:

Яке паҳлавон буд деҳқоннажод,

Далеру бузурге хирадманду род.

Пажӯҳандан рӯзгори накӯст,

Гузашта суханҳо ҳама бозҷӯст.

Зи ҳар кишваре мубдаде солх(в) ард,

Биёварду ин номаро гард кард.

 Бипурсидашон аз нажодн Каён

 В-аз он номдорону фаррухгавон.

 Бигуфтанд пешаш якояк мехон,

Суханҳои шоҳону гашти ҷаҳон.

Чу бишнид аз эшон сипаҳбад сухун,

Яке номвар нома афганд бун.

Чунон ёдгоре шуд андар ҷаҳон,

Бар ӯ офарин аз кеҳону меҳон.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …