Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУМАНСУР ҲУСАЙН ибни Тоҳир

АБУМАНСУР ҲУСАЙН ибни Тоҳир

АБУМАНСУР ҲУСАЙН ибни Тоҳир маъруф ба ибни Зайла (990, Исфаҳон – 1048, Ҳамадон), олим, нависанда ва мусиқишиноси форс- тоҷик. Илмҳои тиб, мусиқӣ, фалсафаро дар зодгоҳаш шаҳри Исфаҳон аз бар намуд. Аз шогирдони боистеъдоди Абуалии Сино буда, бисёр илмҳои замонашро аз ӯ омӯхтааст. Дар илмҳои риёзиёт, фалсафа, ҳадис ва тиб таълифоти зиёд дорад, ки «Ал-ихтисор мин-ат-табииёт-иш-шифо», «Шарҳи «Ҳай ибни Якзон» аз ҷумлаи онҳост. Асари назариявии ӯ «Китоб-ул-кофӣ фӣ-л-мусиқӣ» дар пайравии «Рисолаи мусиқӣ»-и Сино таълиф шудаасг. Асар аз 3 фасл иборат аст: фасли аввал дар баёни нағма ва шароити ба миён омадани он, фаслҳои дуюм ва сеюм дар баёни иқоъ (зарбҳои мусиқӣ) ва алҳон (оҳангҳои мусиқӣ) баҳс менамоянд. Асари ӯ соли 1964 бо саъй ва эҳтимоми олими араб Закариёи Юсуф дар Бағдод ба табъ расидааст.

Адабиёт: Рачабов А., Суннат ва навоварӣ дар тамаддунн мусиқии замони Рӯдакӣ, Дониш, 2008; Донишномаи Шашмақом. Душанбе, 2009. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …