Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУМАҲМУДИ ХУҶАНДӢ Ҳомид ибни Ҳизр

АБУМАҲМУДИ ХУҶАНДӢ Ҳомид ибни Ҳизр

АБУМАҲМУДИ ХУҶАНДӢ Ҳомид ибни Ҳизр (тақрибан 930, Хуҷанд – тақрибан 1000, Бағдод), мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори тоҷик. Фаъолияти илмии Абумаҳмуди Xуҷандӣ дар шаҳрҳои Бағдод ва Рай гузаштааст. Замони зиндагии Абумаҳмуди Xуҷандӣ  ба давраи ҳукмронии Давлати Сомониён (825 – 999) рост меояд. Ӯ соли 994 дар шаҳри Рай, дар дабори амири бувайҳӣ Фах- руддавлаи Дайламӣ ба расадбандӣ ва мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ пардохтааст. Абумаҳмуди Xуҷандиро устоди Абурайҳони Берунӣ меҳисобанд. Берунӣ бори ав­вал бо Абумаҳмуди Xуҷандӣ   дар Рай шинос туда, дар расадхонаи «Таборак» аз ӯ олати секстант (судс)-ро омӯхта буд.

Ӯ дар «Китоб-ут-таҳдиди ниҳоёт-ил-амокин ли тасҳеҳ масофот-ил-масокин» ном асараш Абумаҳмуди Xуҷандиро дар сохтани устурлоб ва тайёр намудану ихтирои дигар олоти нуҷумӣ фарди фавқулода ва ягонаи замон ҳисобидааст. Бинобар ахбори Берунӣ судси Абумаҳмуди Xуҷандӣ, ки ба шарафи ҳокими давр – Фахруддавла «Судси Фахрӣ» номгузорӣ шудааст, аз лиҳози бузургӣ ва дурустӣ аз дигар олоти нуҷумии ҳамон замон бартарӣ доштааст. Қутри судси сохтаи Абумаҳмуди Xуҷандӣ  86 м буда, аз рӯи қоида ба дараҷа, дақиқа ва сонияҳо тақсим шуда буд. Судси номбурдаи Абумаҳмуди Xуҷандӣ  дар назди шахри Рай, дар қуллаи кӯҳи Таборак гузошта туда буд. Абумаҳмуди Xуҷандӣ  бо асбоби сохтаи худ бори аввал соли 994 қимати майли мадори Офтоб (эклиптика)-ро 23°32’21” муайян карда буд.

Ин бу­зургӣ мувофики формулам астрономи америкоӣ Ниюком (1835 – 1909) 23°34’13”-ро ташкил медиҳад, ки тафовути на он қадар бузург дорад. Асбобҳои нуҷумии расадхонаҳои Мароға (асри 13), Самарқанд (асри 15) ва Ҷайпур (асри 17) дар асос ва тимсоли судси Абумаҳмуди Xуҷандӣ   сохта шуда буданд. Мунаҷҷими шинохтаи асри 16-и форс- тоҷик Низомиддин Абдуалӣ ибни Муҳаммад Бирҳандӣ (вафот 1525) дар «Шарҳи бист боб дар маърифати устурлоб» ном асараш Судси Фахриро дар байни ҳамаи асбобҳои астро­номии Шарқи Миёна дар ҷойи аввал гузоштааст. Риёзидон ва мунаҷҷими овозадори форс-тоҷик Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ (вафот 1430) сохт ва тарзи истифодаи ин асбобро дар асари худ «Рисола дар шарҳи оло­ти расадӣ» шарҳ додааст. Аз Абумаҳмуди Xуҷандӣ 2 рисолаи риёзӣ ва 6 рисолаи нуҷумӣ бо номҳои «Масоил мутафаррика хандасиййа», «Китоб ал-ола аш-шо- мила», «Рисола фӣ тасҳеҳ-ил-майл ва арз-ил-балад», «Китоб ал-амал би- з-зарқола», «Рисола ас-сафиха ал- афоқиййа ал-мусаммо би-л-ҷомиа», «Китоб самт ал-кибла», «Китоб фӣ соат-ил-мозиййа фи-л-лайл» боқӣ мондаанд, ки дар китобхонаҳои Бей­рут, Қоҳира, Оксфорд, Париж ва Теҳрон маҳфузанд. Осори боқимондаи Абумаҳмуди Xуҷандӣ  аз тарафи муаррихону пажӯҳишгарони хориҷӣ ба монанди Ҳоҷӣ Халифа, Абулқосими Қурбонӣ, П. Кунитш, Э. Видеман, К. Шой, А.П. Юшкевич, Б. А. Розенфелд, Н. Г. Хайрстдинова, А. Ахмедов ва дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абумаҳмуди Xуҷандӣ  дар Тоҷикистон Абдуллозода X. ва Неъматов Н. асарҳо таълиф намуда- анд. Абумаҳмуди Xуҷандӣ ба ғайр аз илми нуҷум дар риёзиёт ҳам нодири замон буд. Теоремаеро, ки имрӯз дар математика бо номи теоремам Ферма маъмул аст, 600 сол қабл аз ӯ Абумаҳмуди Xуҷандӣ  ибтидо гузошта буд. Дар бораи рисолаи риёзӣ ва комёбии Абумаҳмуди Xуҷандӣ дар соҳаи илми ҳисоб риёзидони асри 10 Абуҷаъфари Ҳозин дар «Рисола фӣ иншо ал-мусалласот ал-қоимати-з-завоё ал-мантиқ ал- азлоъ» ном асараш ёдовар шудааст. Дар он қайд мешавад, ки дар рисолаи Абумаҳмуди Xуҷандӣ  собит шудааст, ки ҳосили ҷамъи ду адади мукааб (кубӣ) адади мукааб буда наметавонад. Яъне дилхоҳ ададҳои натуралии х, у, z-po пайдо кардан наметавон, ки баробарии зеринро қонеъ гардонад: x3+y3=z3. Ҳамин теоремаи Абумаҳмуди Xуҷандӣ  бидуни шак ҳолати хусусӣ ва намунаи равшани тео­ремам Ферма, яъне хпяzn дар сурати п>2 будан аст. Ҳамчунин Абумаҳмуди Xуҷандӣ  дар соҳаи илми мусалласот (тригономет­рия) теоремаи синусҳоро дар шакли:

Sina _ Sinb _ Sine SinA SinB SinC

низ ҳосил карда буд. Абумаҳмуди Xуҷандӣ дар инкишофи назарияи мусалласоти куравӣ ва ҳалли муодилаҳои квадратӣ ва кубӣ, инкишофи илми нуҷум ва такмилу сохтани олоти расадӣ сахми босазое гузоштааст.

Адабиёт: Абдуллозода X. Ф., Абумахмуди Хучандӣ ва таърихи астрономияи халқи тоҷик, Xуҷанд, 2005; Абдуллазаде X. Ф., Негматов Н. Н., Абумахҳуд Худжандӣ, Душанбе, 1986; И л о л о в М, К о м и л ӣ А. Ш., Илм дар замони Рӯдакӣ, Душанбе, 2008; Қу р б о н ӣ А., Риёзидонони эронӣ аз Хоразмӣ то Ибни Сино, Тошкент, 1350. А. Комилӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …