Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛХАЙРХОН

АБУЛХАЙРХОН

abulxairxonАБУЛХАЙРХОН (1414 – 1469), хони ӯзбек, аз сулолаи Ҷуҷ. Давлати пурҳашамати ҳудудаш аз Си­бири Ғарбӣ то Сирдарёро таъсис дода, дар он қабилаҳои кӯчманчии қипчоқу ӯзбек (ва ғайра)-ро муттаҳид намуд ва яке аз асосгузорони давлати феодалӣ гардид. Соли 1446 чандин шаҳру қалъаҳои гирду атрофи Сирдарёро забт карда (Оққӯрғон,  Арқуқ, Ӯзганд, Сиғноқ), соли 1447 пой- тахтро аз Сибир (Тура) ба Сиғноқ кӯчонд. Соли 1431 Хоразмро забт кард ва соли 1448 кӯчманчиёни ӯзбеки Мовароуннаҳрро ба ҳудудашон пайваст.

Солҳои 1463 – 64 аз тарафи қалмиқҳо шикаст хӯрд. Баъди маргаш давлат пароканда гардид, вале баъдтар аз тарафи наберааш Муҳаммад Шайбониҳон барқарор карда шуд.

Ҳамза Камол.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …