Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛХАЙР МАХДУМИ ҲОФИЗ

АБУЛХАЙР МАХДУМИ ҲОФИЗ

АБУЛХАЙР МАХДУМИ ҲОФИЗ (1856, Самарканд – 1916, ҳамон ҷо), мусиқидон, сароянда ва навозандаи тоҷик. Дар оилаи донишманд, шоир ва санъаткор ба дунё омада, асосҳои илми мусиқиро аз падар, санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз ҳунарварони зодгоҳаш омӯхтааст. Абулхайр аслан риёзидон буда, овози басо фораму хуб дошт.

Махсусан, мақомҳоро моҳирона иҷро мекард. Барои аз худ кардани асосҳои илмию амалии мақомҳо ба Бухоро рафта, аз устодо- ни мақомхон Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода, Қорӣ Каромат, Мирзо Назруллоҳ ва дигар роҳу равиши иҷрои мусиқии классикиро аз худ кардааст. Абулхайр баъди бозгашт аз Бухоро дар зодгоҳаш дастаи калони иҷроии касбии мусиқии халқӣ ва классикиро таъсис медиҳад.

Ҳофизи машҳури точик Ҳоҷӣ Абдулазиз то ба Бухоро рафтан дар ин даста асосҳои мақомхониро аз худ намудааст. Абулхайр дар инкишофи шашмақомхонӣ саҳми босазо гузошта, сабки сарояндагии ӯ дар Самарқанд ва атрофи он ҳаводорони зиёде пайдо карда буд.

Бахусус кисматҳои созию овозии мақомҳои «Ироқ», Дугоҳ», «Сегоҳ», «Чоргоҳ», инчунин шохаҳои таронавии мақомҳои «Рост», «Бузург» ва сурудҳои халқӣ дар иҷрои ӯ таровати хосе пайдо мекарданд. Абулхайр чун оҳангсоз шӯҳрати калон дошта, зимни мақомҳо асарҳо тасниф карда­аст. Илова бар ин ӯ ба як силсила ға- залхои Ҷомӣ, Хилолӣ, Бедил, Сайидо таронаҳои дилошӯб эҷод кардааст,  ки аз байни онҳо «Нақши Махдумӣ»,  «Уфари Махдумӣ», «Савти Махдумӣ» ва ғайра дар ҳаёти мусиқии Самарканд эътибори зиёд доштаанд.

Адабиёт: Баёзи Шашмақом, Душанбе, 2008; Донишномаи Шашмақом, Душанбе, 2009.            А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …