Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУЛҚОСИМИ ҚУМӢ

АБУЛҚОСИМИ ҚУМӢ

АБУЛҚОСИМИ ҚУМӢ ибни Му­ҳаммад, маъруф ба Мирзои Қумӣ (1740, Гелон – 1836, Қум), шоир ва донишманди эронӣ. Пас аз таҳсили улуми давр дар Ироқ ба Қум баргашт ва дар ин ҷо зиндагиву эҷод мекард. Ба ду забон – форсиву арабӣ оид ба фиқҳ, калом, хикмат, маонӣ ва ғайра асарҳои бисёри манзуму мансур эчод кардааст.

Яке аз асарҳои манзумаш – «Саволу ҷавоби Мирзои Қумӣ» дар замони зиндагии муаллиф шӯҳрат ёфта буд. Рисолаҳои Абулқосими Қумӣ «Қавонин», «Ғаноим», «Муршид-ул-авом» то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд ва мавриди омӯзиши олимони эронӣ қаpop доранд. Аз Абулқосими Қумӣ девони ашъор шомили 5 ҳазор байт боқӣ мондааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …