Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБУЛҚОСИМ

АБУЛҚОСИМ

АБУЛҚОСИМ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва табиби тоҷик (асри 16). Падараш Мавлоно Дарвеш Ҳусайнӣ табиби хосаи Алишери Навоӣ буд. Мувофиқи маълумоти «Музаккир-ул- аҳбоб»-и Нисорӣ Абулқосим ҷузъиёти илми тиб ва дигар илмҳои расмии даврашро аз худ карда буд. Баробари ин Абулқосим дар шоирӣ даст дошта, дар навъҳои гуногуни адабӣ шеър мегуфтааст. Аз осораш намунаҳои кам тавассути тазкираи Нисорӣ боқӣ мондаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Надорӣ боварам, эй лоларухсор,
Ки гаштам дар ғами ишқи ту бемор.
Баски девонаам аз ҳаҷри рухи ёр имшаб,
Мекунам нолаву фарёд мани эор имшаб.

Адабиёт: Каримов У., Адабиёти тоҷик дар асри XVI. Душанбе, 1985; ҳамон муаллиф, Литературно- исторические источники и основные тенденции таджикской литературы XVI века, Душанбе, 2000.

У. Каримов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …