Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛМУЗАФФАРИ ТОҲИР иб­ни Фазл

АБУЛМУЗАФФАРИ ТОҲИР иб­ни Фазл

АБУЛМУЗАФФАРИ ТОҲИР иб­ни Фазл (соли таваллуд номаълум — вафот 987), шоир ва сиёсатмадори форс- тоҷик. Аз хонадони Чағониён. Дар сарчашмаҳои адабӣ абёти парокан­да, порчаҳои шеъри А.булмузаффари Тоҳир боқӣ мондаанд, ки аз ҷиҳати мавзӯъ, услуб, тарзи нигориш гувоҳи маҳорати ба- ланди шоирии ӯ мебошанд. Дар ғазалиёт ва рубоиёташ ишқу муҳаббат, манзараҳои табиатро васф кардааст. Шеърҳояш дорои сувари бадеӣ, афкору андешаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Аз нокомию номуродиҳои рӯзгор шикоят кардааст.

Адабиёт: Бертелс Е. Э., История персидско- таджикской литературы, Москва, 1960. А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …