Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛМУЗАФФАРИ ПИСАНҶАДӢ

АБУЛМУЗАФФАРИ ПИСАНҶАДӢ

АБУЛМУЗАФФАРИ ПИСАНҶАДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (асри 11). Дар манбаъҳое, ки дар бораи ин шоир маълумот додаанд, масалан, «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ, ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш наомада- аст. Дар ҳамии манбаъ баробари тавсифи ӯ чун шоири моҳиру тавоно се қитъа (12 байт) аз эҷоди ӯ оварда шу­дааст. Абулмузаффарӣ  Писанҷидӣ дар ин байтҳояш оташ (оташи миёни хокистар), гули ёсуманро васф намудааст. Шеърҳои ӯ нафо- сат ва зебоӣ, муқоисаи бемонанд ва ташхиси ҷолиб доранд, ки гувоҳи шо­ири ширинкалому мушоҳидакор будани ӯянд. Дар васфи оташ гуфтааст:

Хаме бибинӣ оташ миёни хокистар,

Чу офтоб, ки гирад зи мег тири ҳиҷоб.

Чу рӯи духтари дӯшиза, к-ӯ хиҷил гардад,

 Ниқобро ба pyx андар кашад ба вакти итоб.

Ёсумани шукуфтаро ба ҳолати ғамангези қаҳрамони лирикӣ монанд кардааст:

Нигох кун ту ба-д-он ёсумани шукуфта ба боғ,

 Сараш ба пеш дарафканда рост чун сари ман.

 Адабиёт: Абдуллоев А., Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI, Душанбе, 1979. А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …