Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛМАСАЛИ БУХОРОӢ

АБУЛМАСАЛИ БУХОРОӢ

АБУЛМАСАЛИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 10). Ӯ аз ҳамасрону ҳамсӯҳбатони Абулмуайиди Балхӣ ва Сипеҳрии Бухороӣ будааст. Аз ашъори ӯ ҳамагӣ 20 байти пароканда боқӣ мондааст. Аз абёти парешони ӯ бармеояд, ки вай асосан дар навъҳои ғазал, қасида ва маснавӣ шеър эҷод мекардааст. Ашъораш аз лиҳози мазмун панду ахлоқӣ ва ишқӣ мебошанд. Чанд намуна аз абёти ӯ:

Касе беайб набвад дар замона,

Рутабро раста бошад дар миёна.

***

Нуқли мо хӯшаи ангур буду соғap – сафҷ.

Булбулу сулсул ромишгар бар даст асир.

***

Чу гардад огаҳ хоҷа эй корномаи ман,

Ба шахриёр расонад сабук чакомаи ман.

Адабиёт: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Душанбе, 2007.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …