Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛМАОЛИИ НАСРУЛЛОҲ

АБУЛМАОЛИИ НАСРУЛЛОҲ

АБУЛМАОЛИИ НАСРУЛЛОҲ Ибни Муҳаммад ибни Абдулҳамиди Муншии Шерозӣ (соли таваллуд ва вафот но­маълум), адиб, муншӣ, насрнависи форс-тоҷик (асри 12). Дар дарбори Ғазнавиён муншӣ ва дабир буд. Дар охири умраш ба мансаби вазирии Хусрав Малик (ҳукмронии 1160 – 86/87) ра­сид.

Аз ҷумлаи корҳои муфиди Абулмаолии Насруллоҳ тарҷумаи китоби «Калила ва Дим­на» аз арабӣ ба форсии тоҷикӣ мебошад. Вай тарҷумам ин китобро аз рӯи таҳрири арабии Ибни Муқаффаъ анчом додааст. Тарҷумаи Абулмаолии Насруллоҳ  дар давраи салтанати Баҳромшоҳ (ҳукмронии 1099 – 1115) ба итмом расид. Аз ин ҷост, ки он бо номи «Калила ва Димнаи Баҳромшоҳӣ» низ маъруф аст.

Чунонки дар муқаддимаи тарҷумаи Абулмаолии Насруллоҳ омадааст, вай кӯшидааст, бар хилофи мутарҷимони дигар, ки аз ҷиҳатҳои панду ахлоқии «Калила ва Димна» сарфи назар кардаанд, мазмуни ахлоқӣ ва фалсафии онро аз нав барқарор намояд. Тарчумаи Абулмаолии Насруллоҳ  аз ҷиҳати сабку услуб асари бадеии мустақил аст ва намунаи беҳтарини насри асри 12 ба шумор меравад. Абулмаолии Насруллоҳ  шоир низ буд. Дар «Калила ва Дим­на» ва сарчашмаҳои адабӣ намунаҳо аз шеърҳои ӯ омадаанд.

Адабиёт: Калила ва Димна, Душанбе, 2009.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …