Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБУЛИЯ

АБУЛИЯ

АБУЛИЯ (аз юнонӣ а-ҳиссачаи инкорӣ ва bule – ирода), беиродагии ранҷу- рона, заъфи ирода то тамоман гум шудани он, набудани майлу хоҳиш ба фаъолият.

Абулия ҳам дар кӯдакон ва ҳам дар калонсолон пеш аз ҳама нишонаи давраи аввали бемории рӯҳӣ аст. Абуалия ҳангоми баъзе бемориҳои рӯҳӣ (пси- хози савдовию шизофрения), зарбхӯрии махдуди мағзи cap, бахусус қисмати пешонӣ пайдо мешавад.

Дар ҳолати Абулия бемор камҳаракат, заиф, беғайрат, ба муҳиту атрофиён беэътино гашта, майлу хоҳиш ва ташаббуси худро гум мекунад. Дар синни кӯдакӣ Абулия метавонад боиси cap зада­ни бемории рӯҳӣ гардад. Кӯдаки бе­мор бе ягон сабаб канораҷӯӣ, нофаъол, парешонхотир мешавад. Чунин ҳолатро калонсолон баъзан танбалӣ мешуморанд, вале тадриҷан бемо­рии кӯдак аён мегардад, ӯ ба машғулиятҳои ҳаррӯза ва рафиқони худ шавқе зоҳир намекунад, рӯзҳои дароз дар ҷойгоҳ беҳаракат хоб меравад, ҳарф намезанад, ҳатто ба нигоҳубини худ аҳамият намедиҳад. Абулияро аз сустиродагӣ, ки дар натиҷаи тарбияи нодуруст ба вуҷуд меояд, фарқ бояд кард. Муваққатан қатъ кардани машғулиятҳо, ба санатория рафтан ва табобати қувватбахш барои рафъи Абулия муфид аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …