Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАВЛ

АБУЛҲАВЛ

АБУЛҲАВЛ:

abulhavl1) ҳайкали бузурги махлуқи хаёлӣ (рӯҳи муҳофиз, таҷас- сумкунандаи ҳокимияти шоҳӣ), ки танааш ба шер ва сараш ба сари одам ё ҳайвони муқаддас монанд тасвир ёфтааст. Яке аз бузургтарин Абулҳавлҳо дар Ҷиза наздикии аҳроми Хефрен (асри 28 то милод) воқеъ аст, ки бараш 17 метр ва баландиаш 38 метр мебошад;

2) дар асотири Юнони Қадим ҳайкали зани хаёлӣ, ки ҷисмаш шермонанду болдор аст. Абулҳавл гӯё дар даромадгоҳи Фива ҷойгузин шуда, рохгузаронеро, ки ба чистони ӯ ҷавоб гуфта наметавонистанд, қатл мекардааст (чистон ин зайл буд: «Он чист, ки субҳ чорпоя pox меравад, рӯзона бо ду по ва бегоҳӣ бо се пой»). Танҳо Эдип, ки аз он ҷо мегу- зашт, ҷавоби чистонро дарёфт. Зан худро маглуб дониста, аз қулла ба зер афканд ва аз тарафи Эдип ба қатл расонида шуд.

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …