Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАСАНИ НАСАВӢ

АБУЛҲАСАНИ НАСАВӢ

АБУЛҲАСАНИ НАСАВӢ (соли таваллуд  номаълум – вафот такқрибан 1030), риёздони асри 11 форс-тоҷик. Дар сарчашмаҳо бо шакли навишти арабии Абул-Ҳасан Алӣ ибн Аҳмад ан-Насавӣ вомехӯрад. Абулҳасанӣ Насавӣ шогирди Ҳушёри Гелонӣ (Ҷилӣ) буд. Фаъолияти илмиаш асосан дар шаҳрҳои Рай ва Исфаҳон дар дарбори султони сулолаи Бувайхиён Маҷдуддавла ва дар шаҳри Ғазна дар дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ ва ғазнавиён ва баъди барҳамхӯрии салта­нати ғазнавиён боз дар Исфаҳон дар замони салтанати салҷуқиён гузаштааст. Рисолаҳои зерин намунаҳо аз осори ӯст: «Китоб ал-ишбоъ фӣ шарҳ аш-шакл ал-китъа» («Китоб дар бораи фаҳмондадиҳии шакли қитъаҳо»), «Рисола фӣ маърифат ат-тақвим ва- л-устурлоб» («Рисола дар маърифати тақвим ва устурлоб»). Рисолаи «Ал- мукнӣ фӣ-л-ҳисоб ил-ҳиндӣ» («Мукаммал дар бораи ҳисоби ҳиндӣ») ба забони форсӣ таълиф гардида, сипас ба арабӣ тарҷума шудааст.

Нусхаи арабии он ҳоло дар китобхонаи Лей­ден маҳфуз аст. Рисола аз 4 боб иборат буда, дар он дар бораи амалҳо бо ададҳои бутун, касрӣ, касрҳои омех- та ва ҳисоби шастӣ сухан меравад. Абулҳасани Насавӣ усули содатарини аз решаҳои квадратӣ ва кубӣ баровардани ададро пешниҳод кард, ки математико- ни европоӣ П. Руффинӣ (1804) ва У. Горнер (1819) онро такмил додаанд.

Абулҳасани Насавӣ  ба асарҳои олимони Юнони Қадим Менелай ва Архимед шарҳ на­виштааст

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …