Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАСАН АҲМАД ибни ал- Муаммал

АБУЛҲАСАН АҲМАД ибни ал- Муаммал

АБУЛҲАСАН АҲМАД ибни ал- Муаммал (соли таваллуд ва вафот номаълум), адиб, шоир ва мутарҷими арабизабон (нимаи дуюми асри 10-ибтидои асри 11). Мувофиқи маълумоти Саолибӣ («Ятимат-уд-даҳр») дар назди сипаҳсолор Фоиқ ал-Хосса (вафот 999) чун дабир хидмат мекард ва шеър ҳам мегуфт. Аз манбаъҳо 32 байти ӯ дастрас гар­дидааст (қасида дар мадҳи вазири Сомониён Абунасри Абузайд мақтул дар соли 997; пораҳои ҳамриёт ва фахриёт).

Ҳунари дигари Абулҳасан Аҳмад тарҷумаи ашъори шоирони форс-тоҷик ба за­бони арабӣ будааст. Саолибӣ ду бай­та Рӯдакӣ ва ду байта Маъруфии Балхиро, ки Абулҳасан Аҳмад тарҷума карда буд, сабт намудааст.

Адабиёт: Занд М. И , Искусство перевода в тад­жикской поэзии X века, дар маҷмӯаи Рӯдакӣ ва за­мони ӯ, Сталинообод, 1958.        Н. Зоҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …